Бонки миллӣ сабаби муфлисшавии бонкҳоро гуфт

Бонки милллӣ гуфт, яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ шудани бонкҳо ин кори муштараки хешовандони наздик дар мансабҳои роҳбарикунанда аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон кори муштараки хешовандони наздик дар мансабҳои баландро сабаби мушкилиҳои молиявӣ дар низоми бонкии кишвар номид ва тағиротҳои ба наздикӣ қабулшуда ба қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ёдрас шуда гуфт, ки он барои ислоҳи чунин вазъ таҳия шудааст.

Се сол боз “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” қарзи мизоҷонро намедиҳанд. Чаро?

Ёдовар мешавем, нимаи моҳи август, президент Эмомалӣ Раҳмон тағйиру иловаҳо ба ин қонунро имзо кард. Ба таъкиди Бонки миллӣ, тағйиру иловаҳо ба қонун ба пешгирии фасод ва маҳдуд кардани кори муштараки хешовандони наздик дар бонкҳои кишвар равона карда шудаанд.

“Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани бонкҳои муаммодор ва барҳам хӯрдани аксарияти ташкилотҳои қарзӣ ин якҷоя фаъолият намудани хешовандони наздик дар сатҳи роҳбарикунанда мебошад” ,-афзудааст ин ниҳоди молии кишвар.

Бонки миллӣ гуфт дар беқурбшавии сомонӣ ва болоравии арзиши доллар кӣ гунаҳгор аст

Манбаъ мегӯяд, тағиротҳое, ки дар қонунгузорӣ қабул карда шудаанд, минбаъд имкон намедиҳанд, ки хешовандони наздик дар вазифаҳои роҳбарӣ ва аъзои шӯрои нозирони бонкҳо ширкат кунанд.

Тафтиши саросарии "Агроинвестбонк": Ожонси зидди фасод пулҳои “гумшуда”-ро меҷӯяд

Тибқи қонунгузорӣ ба хешовандони наздик- зану шавҳар, фарзандон, падар, модар, бародарон, хоҳарон, наберагон, инчунин падар, модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан ва шавҳар, волидони ҳамсар ва дигар шахсоне, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд ва хоҷагии умумиро пеш мебаранд, дохил мешавад.

Солҳои охир дар ҷумҳурӣ ду бонки калон – “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” барҳам дода шуданд. Қарзҳои “Фононбонк” дар назди муштариёнаш қариб, ки тамом шуд, аммо мушкили молии “Тоҷпромбонк” бо мизоҷонаш ҳануз бузург аст.

Бонки миллӣ иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ”-ро бозхонд кард

Ҳамзамон ду бонки дигар - "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агоинвестбонк" дар ҳолати мушкили молиявӣ қарор доранд ва пурра фаъолият карда наметавонанд. Тибқи иттилои БМТ, ҳоло дар Тоҷикистон 18 бонк, 20 ташкилоти қарзии амонатии хурд, панҷ ташкилоти қарздиҳии хурд ва 28 фонди қарзии хурд фаъолият мекунанд.