ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз нақлиёти махсусе боздид кард, ки дар назар аст дар Ӯзбекистон истеҳсол шаванд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Мошинҳои мудели нави ёрии таъҷилӣ дар ҳамкории АК "Узавтосаноат" ва Volkswagen истеҳсол карда мешаванд.
Дар умум се мудели мошинҳо коркард шудааст, ки ба ҳамагуна ниёзи инсон ҷавобгӯй мебошад.
Мирзиёев муҳиммияти истеҳсол ва ба содирот баровардани мошинҳоро қайд кард.
Истеҳсоли автомобилҳои мудели нав аз соли оянда ба роҳ монда мешавад.
Интизор меравад, ки истеҳсоли нақлиёти нав барои Ӯзбекистон ва содирот ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.