ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар Амрико мусобиқаҳо оиди муҳорибаҳои омехтаи Bellator 244 ҷамъбаст шуд.
Бозии калидӣ дар ин мусобиқа, рақобати шогирди Федор Емеляненко - Вадим Немков бо Райан Бэйдер ба ҳисоб мерафт. Варзишгари рус дар ҷараёни муҳориба, ҳарифашро рӯи ринг хобонда, наздики 30 зарбаҳои нишонрас расонд.
Зимнан, барои мухлисони тоҷик, муҳорибаи Салим Муҳиддинов бо размикори бразилиягӣ Уэбер Алмейд муҳимтар буд, аммо рақобати онҳо бо шикасти варзишгари тоҷик анҷом ёфт.
Алмейде ҳамагӣ 4 маротиба рӯи ринг баромадааст, вале боре ҳам аз рақиби худ шикаст нахӯрдааст.
Салим Муҳиддиновро худи Ҳабиб Нурмуҳаммадов тамрин медод, аммо чунин таҷриба ҳам ба ӯ кӯмак накард то ҳарифашро мағлуб кунад. Размикори тоҷикро Алмейд дар нахустин бахш аз пой афтонда, мағлуб кард.