Ҳафт ҳазор метр баландӣ: навори қуллаи Сомонии мӯҳташам аз боло

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе айдо шудааст, ки дар он қуллаи 7-ҳазорметра, бузургтарин пирях ва кӯҳҳои Тоҷикистон намоиш дода мешавад
Sputnik

Дар интернет навори қуллаҳои кӯҳҳои Помир пайдо гардид, ки байни кӯҳнавардони тамоми ҷаҳон машҳур аст.

Барои расидан ба макони "старт", нахуст бояд бо чархбол ба урдугоҳи роғи Москвин парвоз кард, ки дар Тоҷикистон аз он ҷо тамоми кӯҳнавардиҳо ба қуллаҳои баланд оғоз мешаванд.

Кӯҳнавардони эстонӣ ба фатҳи қуллаҳои Помир мераванд (НАВОР)

Тавре дар навор нишон дода мешавад, дар роҳ ба макони мазкур сайёҳонро манзараҳои ҷаззоб интизор аст.

Тамоми қуллаҳои бузург, аз ҷумла қуллаи Сомонӣ, қуллаи Е. Корженевский ва тамоми пайроҳаҳои мушкилгузари куҳӣ намоён мешаванд.

Бо ин роҳҳо аллакай ҳазорҳо кӯҳнавардон гузаштаанд, аммо он маҳбубияти худро гум намекунад.

Дар навор на танҳо қулла, балки пиряхҳои кӯҳҳо, табиати зебои Помир ва абрҳои доманаҳои кӯҳӣ нишон дода мешавад.  

Танҳо тамошои навори куҳу қулла дар вуҷуди бинанда ваҳм меандозад.

Бо як тир ду нахчир: дар шимоли ҶТ хатсайри нави гардишгарӣ боз шуд

Ёдрас мешавем, ҳамин сол дар роғи Москвин, ки аз он тамоми кӯҳнавардони ҷаҳон қуллаҳои баландтарини Помирро фатҳ мекунанд, урдугоҳи замонавии Tajik Peaks бунёд шуд, ки мислаш дар ҷаҳон нест.