Тоҷикистону Русия имтиёзҳои иловагӣ ба роҳиоҳанчиёни тоҷикро баррасӣ карданд

Русия ва Тоҷикистон масъалаи имкони пешниҳоди имтиёзҳои иловагӣ ба роҳиоҳанчиёни тоҷикро баррасӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ин масъала дар гуфтушуниди намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков бо муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шоиста Саидмуродзода ва сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалиев баррасӣ шуд, иттилоъ додааст  дафтари матбуоти Вазорати саноат ва савдои Русия.

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Бино бар иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои аз ҷониби Тоҷикистон дастрас намудани технкаи роҳи оҳан, вагонҳои инноватсионии боркашу мусофирбар ва махсус, инчунин таҷҳизоту асбоби зарурӣ барои хизматрасонии онҳо, ки дар Русия истеҳсол шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ғайр аз ин, ҷонибҳо ба масъалаи имкони пешниҳоди имтиёзоти иловагӣ ба роҳиоҳанчиёни тоҷик дар боркашонии маҳсулот ба Русия таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ба гуфтаи Евгений Коренков, дастрасии Тоҷикистон ба маҳсулоти мошинсозии роҳи оҳани истеҳсоли Русия барои роҳ ёфтан ба сатҳи нави ҳамкорӣ дар таҷдиди соҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад.

“Ин дар навбати худ, ба роҳандозии боркашонии содиротии мунтазами маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои кишварҳои минтақаи Осиё, ИДМ, аз ҷумла Русия имкон медиҳад”, - зикр кардааст Коренков.