Чаро "Шикорчӣ" - и бесарнишини Русия ИМА ва НАТО - ро ба ташвиш меорад

Қиркунандаҳои Қувваҳои ҳавоии ИМА барои мубориза бо шӯришгарони кишварҳои ҷаҳони сеюм пешбинӣ шудаанд, Русия бошад қиркунандаҳои насли панҷумро бо зеҳни сунъӣ ва қобилияти ҳамкорӣ бо Су-57 омода мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik, Александр Хроленко. Комёбиҳои Русия дар самти силоҳи замонавӣ "шарикон" - и Ғарбро чунон ба ташвиш овардааст, ки ҳатто маҷаллаи бонуфузи иқтисодии Forbes аз мавзӯъи асосии худ дур рафта, рӯзи 7 август ба муқоисаи хусусиятҳои қиркунандаи    S-70 Okhotnik (Hunter) ва ИМА машғул шуд.

Пентагон: коронавирус миёни низомиёни афғон густариши шадид ёфтааст

Нашриёти амрикоӣ қайд мекунад: дар қиёс бо "аспаки кори" - и MQ-9 Reaper Қувваҳои ҳавоии ИМА, қиркунандаи Русия на барои мубориза бо шӯришгарон, балки барои ҷангҳои бузурги ҳурбӣ нигаронида шудааст. Ин қуркунанда қодир аст беш аз 6 тонна бомб ва ракетаи  "замин-ҳаво" ва "ҳаво-ҳаво" - ро дар масофаи  5000 километр интиқол диҳад.

"Шикорчӣ" аз нуқтаи назари диапазон дорои "имконоти бесобиқа" мебошад. Зоҳиран ин қиркунанда ба тарҳи X-47B Northrop Grumman, монанд аст, вале роҳаш дигар. Тарҳҳои истеҳсоли ин қиркунанда маълум шудаанд ва таҳвили силсилавии ин "Шикорчӣ" аз соли 2024 оғоз мешавад.

Тарҳи ИМА бошад ақиб мемонад. Парвози нахустини қиркунандаи  X-47B ИМА соли 2011 баргузор шуд (он замон корпоратсияи  "Сухой" нав  ба сохтусози  "Шикорчӣ" оғоз кард). Пентагон барномаи мутобиқгаронии қиркунандаро барои қувваҳои баҳрии – UCLASS – соли  2013 бо мақсади дар соли 2020 ба итмом расонидани тарҳ роҳандозӣ карда буд (чор ширкати иштирокчӣ 15 млн долларӣ гирифтанд).

Боз соли 2015 коршиносони Қувваҳои баҳрӣ ба самарабахшии дрон шубҳа доштанд. Он сӯ дигар корҳо "чаппа" рафтанд. Дар доираи барномаи UCLASS мақоми қиркунанда пай дар пай паст шудан мегирифт, аз зарбаӣ то ба ҷосусӣ ва то парвозкунандаи оддии пуркунандаи сӯзишворӣ.

Қувваҳои ҳавоии ИМА имрӯз бо эҳтиёт дастгоҳи на онқадар калони XQ-28 Valkyrie - ро ба сифати "қиркунандаи боэътимод", ки қодир аст ҳамагӣ 450 кило вазни лозимӣ (як ё ду бомб ё ракета) - ро бардорад, озмоиш мекунанд. Forbes маҷбур аст, эълон кунад: дар сурати оғози саривақтӣ дар самти қиркунандаҳои бесарнишин "ИМА баъди Русия ба марра хоҳад расид".

Зеҳни ҷангӣ

Пештар нашриёти амрикоии The Drive дар бораи қиркунандаи бесарнишини Русия чанд мақола навишт: "Шикорчӣ" ба қиркунанда монанд аст ва хеле боҳайбат менамояд.

Манфиат табиӣ аст. Доираи кишварҳое, ки метавонанд қиркунандаҳои бесарнишинро созанд бисёр танг аст. Ва технологияи омодасозии қиркунандаҳои насли панҷумро то ҳол касе аз худ накардааст. Эҳтимол, Русия аввалин мешавад.

Хусусиятҳои дақиқи "Шикорчӣ" то дергоҳ чун сирри махфӣ нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Ин қиркунанда бо муҳаррики замонавӣ таҷҳизонида шудааст ва метавонад дар як соат то 1000 километрро тай кунад. Қодир аст то 5-6 тонна таҷҳизоти ҷангиро бардорад. Парвозҳои озмоишӣ ду сол боз идома дорад.

Дар баробари ин мегӯянд, "Шикорчӣ" ва "бародарони хурдиаш" дорои зеҳни сунъӣ ҳастанд. Мешавад пешбинӣ кард, ки дар қатори қиркунандаи вазнини Су-57 (дар навбати аввал аз ҷониби Вазорати дифоъ 76 мошин фармоиш дода шудааст). Чун Су-57 қодир аст ҳадафҳои ҳавоӣ ва заминиро дар масофаи 400 километр пайдо кунад ва то 62 обектро ҳамроҳӣ карда ба зарбазанандаҳои бесарнишин дастур диҳанд.

Қарор шуд: Чинро даҳдаста буғӣ мекунанд, оё Русия ҳам даъват мешавад?

Бартарияти дидашавандаи Су-57 бар қиркунандаҳои насли панҷуми Амрико имконияти бузурги ҳамкории самарабахши халабон ва роботҳои ҷангии мисли "Шикорчӣ" мавҷуд аст.

Зарбазанандаи бесарнишин метавонад ҳам ба Қувваҳои ҳавоӣ ва ҳам обии Русия хизмат кунад. 

Пеш аз тирзанӣ мепаранд

Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА 7 август аз анҷоми омӯзиши се рӯзаи низомӣ бо ширкати қиркунандаҳои  F-22 Raptors ва F-35A Joint Strike Fighter, бомбпартои B-2A Spirit, дрони RQ-170 Sentinel ва ҳамчунин қиркунандаҳои дидашавандаи F-15E Strike Eagle ва ҳавопаймои EA-18G Growler баргузор шуд.

Ва ин чорабинии 1,4 млн доллара чун омодагии ҷиддӣ бар зидди таҷовузи душмане менамояд, ки на дар Амрикои Шимолӣ ва на дар Ҷанубӣ нест. Дар паи ин омӯзишҳо ҳавопаймоҳо ҳуҷум ба душманони шартиро машқ карданд. Ҳадс задан душвор нест, ки ба чӣ омодагӣ медиданд. 

Моҳи сентябри соли гузашта фармондеҳи Қувваҳои ҳарбии ИМА дар Урупо - Ҷефрӣ Харриган изҳор дошт, ки Пентагон барои вилояти Калининград нақшае дорад ва моҳи октябр барои забти ин вилоят аз ҷониби Полша ва ИМА эълон кард.

Пентагон рӯз то рӯз фаъолона ва бепарвоёна Русияро дар марзҳояш бозмедорад. Дар масири баҳрҳои Сиёҳ ва Балтик ҷосусони амрикоиро зери тир нигоҳ медоранд. Ин иғвогарии кушод то муқобилияти ҳарбӣ метавонад расонад.

Дар ин миён, афзоиши забти парвозҳои ҷосусӣ - ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2020 дар наздикии марзи Русия оқибати фоҷиабор хоҳад дошт. Коршиносони маҷаллаи амрикоии The National Interest изҳор медоранд, ки гунаҳкор дар ин росто Вашингтон хоҳад буд, чун ин қувваҳои НАТО Русияро иҳота хоҳанд кард ва на баръакс.

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

Русия маҷбур аст қудрати низомии худро чӣ дар замин чӣ дар ҳаво ва чӣ дар об бештар кунад. Пайдошавии "Шикорчӣ" дар ин миён саривақтӣ ва лозимӣ менамояд. 

Бар пояи гузориши Global Firepower, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико наздики 2000 ҳавопаймоҳои ҷангӣ дорад. Дар умум Пентагон дорои беш аз 5000 дастгоҳҳои парвозкунанда аст. Ин бидуни қувваҳои ҳавоии ҷангии НАТО. Барои муқоиса: Вазорати дифоъи Русия наздики 870 қиркунанда, бомбандозон ва зарбазанандаҳо дорад ва наздики 4000 дастгоҳҳои парвозкунанда.

Эҳтимолан барои боздории Вашингтон аз минтақаҳои Мексика ва Куба ҳавопаймоҳои Русия каманд ва Маскав чунин ҳадаф ҳам намегузорад.

Дар қитъаи Урупо Қувваҳои ҳавоии Русия танҳо вазифаҳои ҳифозатро иҷро мекунанд ва имконоти қувваҳои қиркунанда низоми Қувваҳои ҳавоӣ ва обиро дар марзҳои Русия пурратар мекунанд. 

"Шикорчӣ" - и бесарнишин пешрафт барои оянда ва яке аз садҳо дастгоҳҳои самарабахши Русия барои ҳукмронӣ дар ҳаво хоҳад буд. Қувваҳои Русия ба ҳамагуна таҳдидҳои афзоянда ва интизориҳои бадтарини "шарикон" - и ғарб ҷавобгӯй ҳастанд.