Фурӯши рекордии нафти Русия ба Амрико

Дар нимсолаи аввал Амрико аз Русия беш аз 9 миллион тонн маҳсулоти нафтӣ харидорӣ намудааст, ки баландтарин арқом то соли 2004 ба ҳисоб меравад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ҳамзамон Вашингтон бо ҳар роҳу восита мехоҳад пеши роҳи сохтмони лулаи гази “Маҷрои шимол-2”-ро бигирад, то вобастагии Арврупо аз маҳсулоти энержии Русияро кам кунад. Ин дар ҳолест, ки худи Амрико ба маҳсулоти нафтии Русия вобастагӣ пайдо кардааст.  

Содироти рекордӣ

Тибқи маълумоти Хадамоти федералии гумрукии Русия ин кишвар аз моҳи январ то июли соли равон аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти нафтӣ ба Амрико 2,2 миллиард доллар фоида ба даст овардааст.

Ба Амрико дар ин давра 7,46 миллион тонн маҳсулоти нафтӣ содирот шудааст, ки ин 12 дарсади аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳад.  Бештар аз ҳама маҳсулоти нафтии Русияро Нидерландия 12,19 миллион тонн, Амрико дар ҷои дуввум ва дар ҷои севум Малта қарор гирифтааст, ки аз Русия 4,4 миллион тонн маҳсулоти нафтӣ харидорӣ кардааст.

Ҷанҷол бар сари нафти Сурия: Вашингтон таъкид дорад даромади нафт ба Амрико намерасад

Нидерландия ва Малта ҳамчун макони транзитӣ дониста мешаванд, ки аз онҷо маҳсулоти нафтӣ ба дигар кишварҳои дунё содирот мешавад. Яъне фурӯши маҳсулоти нафтӣ ба Амрико метавонад ба маротиб зиёд бошад, чунки Хадамоти федералии гумрукии Русия ингуна содиротро ба назар намегирад.

“Дар ҳақиқат тибқи маълумоти Хадамоти иттилооти энергетикии Амрико (EIA) воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба ин кишвар дар панҷ моҳи соли равон 68 миллион бушка ё 9,3 миллион тонаро ташкил додааст. Ин рақам нисбат ба арқоми пешниҳодкардаи Хадамоти федералии гумрукии Русия бештар аст. Чунки EIA Амрико истеҳсолкунанда на кишвари содиркунандаро ба ҳисоб мегирад”.

Дар ҳамин ҳол, Амрико хариди мазутро аз Русия нисбат ба моҳи июн 16 дарсад афзоиш доданд.

Оғози ивази маҳсулот

Ин дар ҳолест, ки Амрико худро аз хариди навъӣ нафти сангини Венесуэло маҳрум карданд ва фановариҳои баъзе аз корхонаҳои полоиши нафти Амрико қудрати коркарди нафити навъи сабуки Ҳавзаи халиҷи форс ва Техаси Ғарбиро надоранд.  Доналд Трамп бар зидди ширкати Венесуэла PVSDA таҳримҳо ҷорӣ кард ва пас аз ин корхонаҳои полоиши нафти Амрико ба мушкилоти ҷиддӣ  рӯ ба рӯ шуданд.

Корхнаҳои Халиҷи Мексика ва Соҳили шарқ ба вазъӣ ногувор дучор шуданд. Аз ҷумла ширкатҳои Citgo Petroleum, Valero Energy, Chevron.

 Ба Русия ҳам фоида меорад: созишномаи нави нафт ОПЕК + ба нафъи ҳама аст

Нафти Венесуэларо метавонист нафти Арабистони Сауди ҷойгузин кунад, аммо ин кишвар истеҳсоли нафтро маҳдуд кард. Ҳамин тариқ, иқтисод сиёсатро канор гузошт ва Амрико ба Русия муроҷиат кард.

“Вашингтон бо ҳар роҳу восита барои сохтмони “Маҷрои шимоли-2” ба ширкати Газпроми Русия мушкил эъҷод мекунад. Аммо ба хотири ба даст овардани ормонҳои иқтисодӣ Амрико бо Русия ҳамкорӣ мекунад”, - таъкид намудааст Александр Разуваев, мутахассиси ширкати “Алпари”.  

“Вазъӣ геополитикии ахир дар ҷаҳон бозори нафтро ба суди Русия бозгардонд ба хотири он ки Амрико ба кишварҳои содиркунандаи нафт таҳримҳо ҷорӣ кард. Ба ҳамин хотир нафти навъӣ Urals дар бозор ба унвони нафти вазнин ҷой афтод” – таъкид кард Александр Дужников, яке роҳбарони ширкати A3F Group.

Ба заъми ин қимати нафти Русия нисбатан арзонтар аст. Тибқи иттилои Вазорати дороии Русия нафти навъи Urals дар моҳи январ – июл дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳудудан 40,32 доллар  барои як бушка арзиш дошт. Дар ҳоле, ки дар моҳи январ – июли соли гузашта ҳудудан як бушка нафт 65,27 доллар арзиш дошт.

Бо анҷом ёфтани қарантина сарфи маҳсулоти нафти афзоиш ёфт.

Буҳрони соҳавӣ

Бино бар поин омадани қимати нафт шумори дастгоҳҳои ихроҷи нафт дар Амрико коҳиш ёфт. Лулаи нафти Dakota Access низ ба хотири нақзи қавонини экологӣ баста шуд.

 Нафт, газ ва иқтисоди ҷаҳон: вақте ки ҳама чиз ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад

Истихроҷи нафт аз 13,1 то 11,1 миллион тонн бушка дар як руз коҳиш ёфт. Ин ба ҳавзаҳои нафтии сланси Амрико аз ҷумла Перм, Игл-Форд, Баккенск, Ниобромск, Анадаркск, Аппалачинск ва Хейнсвилльск садама ворид кард.  тибқи иттилои мақомоти Амрико тавоноии миёнаи саноии нафткашӣ дар соли ҷорӣ 11,26 миллион бушкаро дар бар мегирад. Аммо дар соли 2021 11,14 миллион бушкаро ташкил хоҳад дод. То декабри соли равон маҳз Амрико дар коҳиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ саҳми назаррас хоҳанд дошт.

Тибқи иттилои ширкати Haynes & Boone аз моҳи январи соли равон 36 ширкати амрикоӣ аз варшикастшавии худ иттилоъ доданд, ки қарзи онҳо ба 25,2 миллиард доллар расидааст.. аз ҷумлаи онҳо бузургтарин ширкати амрикоӣ Whiting Petroleum, California Resources ва Chesapeake Enеrgy. Дар моҳи июн боз ширкати амрикоӣ Extraction Oil & Gas, аз варшикастагӣ ба додгоҳ муроҷиат кардааст.

Тибқи маълумоти Rystad Energy то охири сол беш аз 150 ширкати амрикоӣ рӯ ба варшикастагӣ қарор доранд. Истихроҷи нафти сланси дар як шабона рӯз то панҷ миллион бушка коҳиш хоҳад ёфт. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ShaleProfile Analytics  соҳаи нафти Амрико се ҳисаи тавонои истихроҷи нафтро аз даст хоҳад дод.