Садамаи маргбор дар Ваҳдат ду кушта ва чор захмӣ барҷой гузошт

Мусофирони автомашинаи "Тайота - Королла" зоҳиран аъзои як хонавода буда, ду нафарашон бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногун бистарии беморхона шуда, як пайванди дигарашон ҷон аз даст дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбори нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур санаи 10 - уми август, тахминан соатҳои 16:30-дақиқа рух додааст.

Фавти ҷавони 26 - сола аснои бархӯрди "Скутер" бо автомашинаи "Муссо" дар поси шаб

Ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Каролла", Шаҳбози Раҷабалии 29 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи "Опел-Атра", таҳти идораи Салимов Хуршеди 42 - сола бархӯрдааст.

Ҳалокати комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон дар садамаи нақлиётӣ

Манбаъ меафзояд, дар натиҷа, ронандаи автомашинаи "Тайота-Королла",  Салимов Х. ва мусофирони дар дохили он буда Қурбонова Мавҷудаи 30 - сола, Қурбонова Сафаргули чанд моҳа, сокинони шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳамчунин, мусофирони дигар, Одинаева Мадинаи 37 - сола ва Қурбонов Сарафрози 14 - сола, сокинони ҳамон ҷо, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.