Шарҳи дақиқи фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани маошу нафақа

Ахиран дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон фармони, Президенти Тоҷикистон зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Дафтари матбуоти раисҷумҳур таъкид кардааст, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат Фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” ба тасвиб расид.

Гуфта шудааст, ки тибқи фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2020 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ташкилоту муассисаҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Раҳмон фармони баланд шудани маош, нафақа ва идрорпулиро имзо кард: чӣ қадар зиёд шуд?

Инчунин, ба иттилои манбаъ маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд мегардад.

Ҳамзамон тибқи фармони мазкур андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия ба ғайр аз стипендияи президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 10 фоиз зиёд мегардад.

“Инчунин аз 1 сентябри соли 2020 андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 15 фоиз зиёд мегардад”,  таъкид доштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Инчунин қайд карда шудааст, ки дар баробари ин андозаи нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, бе дарназардошти нафақа барои хизматҳои дарозмуддат ва хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба андозаи  15 фоизи ҳадди ақали нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад.

Раҳмон аз вазирон иҷрои ҳатмии супоришҳоро талаб кард: Маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид

Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд, кӯдакони маъюби то 18-сола, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин ниёз дошта, ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъин шудааст, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад.

Инчунин, ба иттилои манбаъ, қисми суғуртавии нафақаи нафақаҳои суғуртавии то 1 январи соли 2020 таъингардидаи нафақагироне, ки кор намекунанд ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба андозаи 8 фоиз индексатсия мешавад.

Таъкид шудааст, ки зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, амалӣ карда мешавад.

“Бояд қайд намуд, ки анҷоми тадбири мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар, бахусус дастгирии давлатии қишри осебпазири ҷомеъа дар шароити кунунии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон равона гардидааст”, афзудааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.