Меҳмон мизбонро мағлуб кард: пирӯзии “Соро компания” ва “Сипар” дар меҳмонӣ

Бозиҳои даври сеюми лигаи касбии футзали кишвар 2 август доир мешаванд. “Сипар” бо “Истаравшан”, “Равшан” бо “Самандар” ва “Соро компания” бо “Муҳоҷир” вомехуранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Соро компания” ва “Сипар” дар меҳмонӣ пирӯз шуданд, гузориш медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, намояндаи пойтахт – дастаи “Соро компания” дар Турсунзода бар тими маҳалии “Самандар” бо ҳисоби 14:4 ғалаба кард. Дар ҳайати тими Душанбе Муҳаммад Раҷабов панҷ гол, Комрон Алиев се гол заданд.

ФИФА ба Федератсияи футболи Тоҷикистон 1,5 миллион доллар медиҳад
“Сипар”-и Хуҷанд низ меҳмонӣ ғалаба кард. Шимолиҳо дар пойтахт бар дастаи “Муҳоҷир” дастболо шуданд – 5:3. Собирҷон Гуляков ва Иқбол Воситзода дуголӣ ба номашон сабт карданд", - менависад манюбаъ.

Дар бозии дигар “Истаравшан” дар майдони худ бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 12:7 ғолиб омад.

Баъд аз натиҷагирии ду давр дар ҷадвали мусобиқа “Соро компания” ва “Сипар” бо шашхолӣ пешсафанд.

Давраи ҳафтуми чемпионат: беҳтарин бонувони футболбоз муайян шуданд

Бозиҳои даври сеюми лигаи касбии футзали кишвар 2 август доир мешаванд. “Сипар” бо “Истаравшан”, “Равшан” бо “Самандар” ва “Соро компания” бо “Муҳоҷир” вомехуранд.