Мактаби нав дар Данғара: мақомот гуфт барои сохтмони он чанд миллион сомонӣ сарф шуд

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон Асадулло Раҳмон, вазири маориф ва илм Маҳмадюсуф Имомзода, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон имрӯз дармаросими ифтитоҳи панҷумин мактаб ширкат варзиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и деҳаи Шаршари Ҷамоати деҳоти "Пушинг" бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 сохта шуд.

Ҷалби қариб ним миллиард қарзу грант барои бунёди 68 мактаб дар Тоҷикистон

Манбаъ қайд кардааст, ки маблағи лоиҳавии иншоот 3,5 миллион сомониро ташкил додааст.

Масоҳати умумии замини мактаб 1,37 гектарро ташкил дода ва он дар маркази деҳа сохта шудааст.

Мактаб барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Муассисаи мазкур дорои 14 утоқ, аз ҷумла 10 синфхона, синфхонаи муҷаҳҳаз бо 12 адад компютер, китобхона ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад.

Гуфта шудааст, ки ҳамаи синфхонаҳо бо ашёи зарурии хониш, мизу курсиҳо ва асбоби аёнӣ муҷаҳҳаз гардидааст.