Тоҷикистон дар куҷо қаҳрамонони варзишро омода мекард: майдонҳои асосии варзишӣ

Замони Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон дар соҳаи варзиш пешравиҳои зиёд дошт. Варзишгарони тоҷик дар чорабиниҳои варзишӣ фаъолона иштирок ва сазовори ҷойҳои намоён ҳам мешуданд. Майдонҳои асосии варзишии он замонро аз матолиби Sputnik Тоҷикистон бубинед
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар солҳои Шӯравӣ, варзишгарони ҶШС Тоҷикистон на танҳо қаҳрамонони олимпиадаҳо мешуданд, балки рекордҳои ҷаҳонӣ мегузоштанд ва Тоҷикистони кӯчакро ба ҷаҳониён мураррифӣ мекарданд.

Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, таърихи мухтасари муҳимтарин иншоотҳои варзишӣ, ки то имрӯз мавҷуданд, ба ёд орад.

Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Сохтмони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии ба номи М.В.Фрунзе соли 1939 дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Аммо сохтмонинотамом монд, зеро  Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар зад ва сохтмони он ба таъвиқ андохта шуд.

Тоҷикистон дар куҷо қаҳрамонони варзишро омода мекард: майдонҳои асосии варзишӣ

Танҳо соли 1946 толори ҷанубӣ барои 5000 ҷойи нишаст сохта ба итмом расид ва бозгӯи ба ҳаёти осоишта баргаштани ҷумҳуриро ифода мекард.

Олимпидаро то ҳол дар хоб мебинад: таассуроти милитсионери тоҷик аз Маскав дар солҳои 80

Аммо сохтмони пурраи ин варзишгоҳ танҳо соли 1962 анҷом ёфт. Он вақт дар Варзишгоҳи марказӣ барои 21400 нафар ҷойи нишаст омода мешуд ва яке аз бузургтарин иншоотҳои варзишӣ ба ҳисоб мерафт.

Саргузаштҳо аз ҳаёт: Sputnik лоиҳаи "Москва-80: Ретро-tube"-ро рӯнамоӣ кард

Дар замони Шӯравӣ, дар заминаи маҷмааи варзишии Душанбе аввалин варзишгар Анатолий Старостин рекордҳои шахсиро дар давидан ва шамшерзанӣ гузошт ва баъдан дар Олимпиадаи солҳои 80 - ум ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд ва Тоҷикистон барои чанд солаҳо шӯҳратёр кард.

Тоҷикистон дар куҷо қаҳрамонони варзишро омода мекард: майдонҳои асосии варзишӣ

Варзишгар дар ҳавои кушод ба тирандозӣ ва дар ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ ба тамрин машғул буд. Ин ҳавз чандин сол боз ба таъмир фаро гирифта шудааст.

Замони Шӯравӣ дар варзишгоҳ тими "Энергетик" , ки баъдан ба "Помир"  табдили ном кард, тамрин мекарданд.

Дастовардҳои тиллоии қаиқрон аз Душанбе дар Бозиҳои олимпии Маскав - 1980

Ҳоло ин варзишгоҳ ҳудуди 24 000 ҷойи нишаст дорад ва тимҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили "Истиқлол" ва чандин дастаҳои футболбозони Тоҷикистон машқу бозиҳои ҷумҳуривиро баргузор мекунанд.

Ипподроми шаҳрӣ

Қиссаи ҷолиб дар бораи пайдоиши боз як иншооти муҳими варзишӣ дар Душанбе - ипподроми пойтахт аст. Он бо номи Тимофей Шапкин, фармондеҳи бригадаи шӯравӣ, ки барои мубориза бо босмачиён ва дигар хидматҳо дар Тоҷикистони шӯравӣ машҳур буд, алоқаманд аст.

Масалан, бо дастури ӯ сарбозон ва фармондеҳони бригадаи кавалерияи 7-и алоҳидаи Туркистон иншооти обёриро, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ хароб шуда буд, барқарор карданд. Ҳамчунин бригадаи ӯ ба деҳқонони эҳтиёҷманд асп дода, дар шудгор ва ғундоштани ҳосили зироат кӯмак мекарданд. Илова бар ин, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ низ месохтанд.

Тоҷикистон дар куҷо қаҳрамонони варзишро омода мекард: майдонҳои асосии варзишӣ

Шапкин ки худ ҳаводори аспдавонӣ буд, аз ин рӯ бо ташаббуси ӯ дар Тоҷикистон якчанд фермаҳои асппарварӣ, ки ки машҳуртаринаш Коктош, ва Султонобод аст, таъсис дода шуд.

Дорандаҳои медалҳои тиллоии Олимпиадаи солҳои 80 аз Тоҷикистони Шӯравӣ ва ғайр - акс

Зимнан, соли 1930 бо дарназардошти он ки, Душанбе барои чорводорӣ бисёр муносиб аст, аз ин рӯ Шапкин ба хулоса омад, ки сохтмони ипподром зарур ва саривақтӣ аст. Шапкин худаш макони сохтмонро интихоб кард ва рафти сохтмонро бевосита худ назорат мекард.

Холисона, идона ва рекордӣ: Олимпиадаи солҳои 80 - ум дар Маскав - нодиртарин аксҳо

Соли 1934 сохтмони ипподром ба анҷом расид ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он, маъракаҳои аспдавонӣ баргузор мешуданд. Баъдтар қаҳрамон Старостин низ дар ин озмунҳо иштирок мекард.

Кӯли Комсомол

Кӯли Комсомол дар Душанбе (ҳозира Кӯли Ҷавонон) аввалин обанбори ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки махсус барои шиноварӣ сохта шудааст.

Ин кӯл соли 1937 сохта шуд ва зуд ба яке аз маконҳои асосии фароғати сокинони шаҳр дар фасли гармои тобистон мубаддал ёфт. Зимнан, бо гузашти чанд вақт, гирдогирди кӯл аттраксионҳо, чойхонаву маконҳои фароғатӣ сохта шуд ва ҳамарӯза садҳо нафар барои истироҳат ба ин макон меоянд.

Тоҷикистон дар куҷо қаҳрамонони варзишро омода мекард: майдонҳои асосии варзишӣ

Бо вуҷуди ин, кӯл на танҳо як макони маъмулии фароғатӣ, балки як иншооти муҳими варзишӣ ба ҳисоб мерафт, ки қаҳрамонони варзиш дар ин ҷо тамрин мекарданд. Аз ҷумла Юрий Лобанов, ки ду бор ба пояи олимпӣ баромад ва ба хазинаи ҶШС Тоҷикистон медалҳои зиёди тилло оварда буд.

Обанбор ва канали Ҳисор

Обанбори Нерӯгоҳи барқии обӣ ва канали танги Ҳисор новобаста аз ҷойгоҳи дурашон ба яке аз маконҳои тамрини варзишгарон мубддал ёфта буд.

Обанбор дар наздикии НБО дар 115 километрии дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Маҳз дар ҳамин ҷо мураббии Лобанов, қаҳрамони 12 каратаи ИҶШС Иброҳим Ҳасанов як вақтҳо ба тамрин машғул буд.

Тоҷикистон дар куҷо қаҳрамонони варзишро омода мекард: майдонҳои асосии варзишӣ

Албатта ин обанбор махсус барои тамрини қаиқронҳо сохта нашуд, вале барои ин намуд варзиш бисёр мувофиқ буд, зеро оби он дар фасли зимистон ҳам ях набаст ва варзишгарон бидуни танаффус тамоми сол метавонистанд ба тамрин машғул шаванд.

Дорандаҳои медалҳои тиллоии Олимпиадаи солҳои 80 аз Тоҷикистони Шӯравӣ ва ғайр - акс

Тамринҳои бетанаффуси варзишгарони тоҷик натиҷаи хуб ба бор овард. Зеро солҳои 60 - ум Тоҷикистон ба яке аз марказҳои пешқадам дар тарбияи варзишгарон аз намуди қаиқронӣ ба ҳисоб мерафт ва панҷ тарбиятгирандаи мурабби Ҳасанов ба тими ИҶШС шомил шуданд.

Номбардорони Тоҷикистон дар Олимпиадаи соли 1980

Боз як майдони омӯзишӣ канали Бузурги Ҳисор буд. Он дар солҳои душвори ҷанг -  соли 1942 сохта шуда буд. Аз ин канал заминҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон обёрӣ мешуданд. Зимнан варзишгарон низ дар канал тамрин мекарданд.

Маҳз дар ин канал Юрий Лобанов ба Олимпиадаи Мюнхен - 72 омодагӣ медид ва дар таърихи Тоҷикистон бори нахуст аз ин мусобиқа бо нишони тилло баргашт.