Чемпиони панҷ ҳунар аз Тоҷикистон: пирӯзии Анатолий Старостин дар бозиҳои олимпӣ

Иштироки беназири варзишкори ҷавон аз Душанбе Анатолий Старостин дар бозиҳои Олимпии соли 1980 ба як ҳангома табдил ёфт. Вай бо иштирокаш дар ин бозиҳо на танҳо худ, балки тамоми мактаби варзишии Тоҷикистонро дар саросари ҷаҳон машҳур кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар соли 1980 номи варзишкори 20-сола Анатолий Старостин дар  саросари кишвар машҳур шуд. Сабаб барои Ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ ғайриодист ва баҳимин хотир аҷибтар аст.

Дар он замон дар кулли қаламрави Тоҷикистон ба таври анъанавӣ варзиши гӯштингирӣ ва бузкашӣ машҳур буд.   

 

Чемпиони панҷ ҳунар аз Тоҷикистон: пирӯзии Анатолий Старостин дар бозиҳои олимпӣ

 

Ҳамчунин дар Тоҷикистон тирандозӣ наз маҳбубият дошт. Одатан ба ин навъӣ варзиш ҷанговарони Осиёи Миёна бештар алоқамандӣ доштанд.

Пас аз он ки Тоҷикистон ба ҳайати кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шуд, намуди варзишҳое, ки ҷавонон ба он алоқамандӣ пайдо карданд ба маротиб афзоиш ёфт. Аммо новабаста аз ин миёни мардум гӯштӣ, варзиши сабук ва вазнин маҳбубияти бештар дошт.

Тобистони соли 1980 аз кишвари кӯҳистонӣ қаҳрамоне пайдо шуд, ки дар варзиши панҷгона (ин панҷ марҳила иборат аз шамшербозӣ, тирандозӣ бо тапонча, шиноӣ озод,  париш бо асп ва дави саҳронавардӣ) дар бозиҳои Олимпӣ барои Иттиҳоди Шӯравӣ ду медали тилло овард. 

Варзишкор Анатолий Старостин – барандаи Олимпиадаи тобистонаи соли 1980

Дар ин бора аз хотираҳои худ ба Sputnik Тоҷикистон рӯзноманигори тоҷик Владимир Фролов нақл кард.

Варзишӣ фавқулоддаи юнонӣ қадим

Варзиши панҷгона яке аз варзишҳои қадимтарини олимпӣ ба ҳисоб рафта, аз тавоноии ҷанговар юнонӣ қадим,  шаҳодат медод. Ин намуди варзиш ҳаматарафа будани варзишкорро нишон медод.

Донишҷӯи донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Анатолий Старостин ҳамин гуна варзишкор буд. Ӯ даванду чолок буд ва ба ҳамин хотир дар бозиҳои Олимпӣ дар Маскав, ҷавонтарин чемпион шуд ва исми ӯ ба китоби рекорди Гиннес ворид гардид.  

Ҳамон лаҳза Анатолий чӣ ҳис мекард? Шояд ба монанди дигар варзишкорон хастагӣ эҳсос мекард. Ба ҳар ҳол, пирӯзии ӯ барои Тоҷикистон Шӯравӣ беназир буд.

 

Чемпиони панҷ ҳунар аз Тоҷикистон: пирӯзии Анатолий Старостин дар бозиҳои олимпӣ

 

“Албата ба чемпиони олимпӣ суоли зиёде буд. Аммо муҳим он буд, ки чӣ тавр ин ҷавон бар рақибони таҷрибадори худ пирӯз шуд ва чигуна дар Тоҷикистон варзиши панҷгона пайдо шуд. Дар синни кӯдакӣ Анатолий дар бораи ин варзиш ҳеҷ тасавуроте надошт. Ӯ писари оддӣ буд, ки дар кӯча бузург шуд ”, - гуфт Фролов. 

Ӯ дар кӯча бисёр футбол мезад ва наздиконаш бовар доштанд, ки Анатолий дар оянда футболбози номдор мешавад. Аммо Анатолий Старостин дигар роҳро интихоб кард.

 

Рақобати дӯстона

Зиндагии Анатолий Старостин баъд аз шиносоӣ бо Владимир Илин, ки бо варзиши панҷгона алоқамандӣ дошт,  тағйир ёфт.

“Владимир Илин дар давоми чанд сол тавонист ба ин варзиш чандин ҷавонро ҷалб намояд. Миёни ин ҷавонон аз ҷумла бародари калонии чемпиони оянда Александр Старостин буд”, - таъкил дошт Фролов.

Маҳз Александ бародари 14-солаи худ Анатолийро ба ин варзиш ҷалб кард. Ӯ бо ҳамин роҳ мехост бародари худро аз таъсири бади кӯча канор гирад ва саломатии ӯро қавитар намояд.

Дар марҳилаи аввал Анатолий дар фикри мусобиқаву ҷоиза набуд. Дар ҳақиқат Анатолий Старостин ба варзиши панҷгона шавқу ҳавас пайдо кард.

 

Чемпиони панҷ ҳунар аз Тоҷикистон: пирӯзии Анатолий Старостин дар бозиҳои олимпӣ

 

Дар аввал, дар мусобиқаҳо ҷиддӣ Анатолий натиҷаҳои начандон хуб нишон медод. Ӯ дар мусобиқаи ввалаш аз уҳдаи идораи асп набаромад ва аз  болои асп ба замин афтод.

Баъд аз ин ҳодиса Анатолий машқҳояшро бештар кард. Ин варзишкори ҷавон ба тирандози аз тапонча алоқамандӣ зиёде пайдо кард. Ӯ дар машқҳояш натиҷаҳои бисёр хуб нишон медод.

Анатолий рақиби хуб дошт. Рақиби аслии ӯ бародари калонаиш буд.

“Ӯ мехост пирӯз шавад. Анатолий соли 1978 дар ҳайати тими ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар Шветсия иштирок кард. Ӯ аз ин мусобиқа ба Душанбе бо медали тилло баргашт ва дар оилаи Старостинҳо аввалин чемпиони ҷаҳон пайдо шуд” ,- ба ёд меорад Владимир Фролов.

Дастовардҳои тиллоии қаиқрон аз Душанбе дар Бозиҳои олимпии Маскав - 1980

Дар ҳайати тими Тоҷикистон бародарони Старостин дар VII-умин бозиҳои тобистонаи Спартакиада халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки соли 1979 баргузор шуд, иштирок намуданд. Маҳз дар ҳамин Спартакиада, Анатолий Старостин натиҷаҳои хуб нишон дод.

Сипас Анатолий дар ҳайати тими Иттиҳоди Шӯрави ба Чемпионати ҷаҳон ба шаҳри Будапешт рафт.  Ӯ дар ин мусобиқа ҷойи нуҳумро ишғол кард.

Давидан, паридан ва шиноварӣ

Мураббии Анатолий Старостин, Владимир Илин тамоми тавоноиву қудрати худро ба ҳамин ҷавон масарф кард. Варзишкори ҷавон мураббии худро бо истодагариаш дар ҳайрат мегузошт.

Старостин дар машқҳо худ дар тирандозӣ натиҷаҳои хуб нишон дод. Дар бозиҳои олимпӣ ӯ яке аз тирандоз ва варзишкори хуб дар ҷаҳон ба ҳисоб мерафт.

“То медали олимпӣ расидан Старостин роҳи мушкилро тай кард. Барои мисол баъд субҳона варзишкор ба шиноварӣ мерафт, сипас ба тирандозӣ ва баъд давида ба хона меомад. Ӯ боз баъд аз дарси донишгоҳ боз ба ипподром мерафт то ба аспсаворӣ машғул шавад”, - таъкид дошт Фролов.

Ҳамчунин Старостин бо маслиҳати мураббии худ ба хондани китоб ва омузиши забонҳои хориҷӣ машғул шуд.  Ӯ забони англисиро интихоб кард ва кушиш мекард бо мураббаш бо ин забон ҳарф занад. Илин бар он буд, ки варзишкори панҷгона бояд ҳаматарафа бошад. Ба ақидаи ӯ варзишкори хуб ғайр аз ҷисман қави буданаш бояд саводи хуб ҳам дошта бошад.

Пирӯзии Маскав, пирӯзии Душанбе

 

Чемпиони панҷ ҳунар аз Тоҷикистон: пирӯзии Анатолий Старостин дар бозиҳои олимпӣ

 

Кори панҷсоаи мурабии Илин ва Старостин дар Маскав ҳангоми бозиҳои Олимпии соли 1980 натиҷа дод. Варзишкор соҳиби кафкубии миллионҳо нафар шуд. Номи ӯ ба китоби рекорди Гиннес ҳамчун ҷавонтарин варзишкор ворид карда шуд.

“Вақте, ки ба Анатолий Старостин раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ лорд Килланин медали тиллои тақдим кард, ӯ таъкид дошт, ки дар синни 20 солагӣ ҳеҷ як варзишкори панҷгона дар ҷаҳон сазовари ин гуна ҷоизаи баланд нашуда буд”, - гуфт Фролов.

Дорандаҳои медалҳои тиллоии Олимпиадаи солҳои 80 аз Тоҷикистони Шӯравӣ ва ғайр - акс

Бояд қайд кард, ки Килланин Анатолий Старостинро дар ин бозиҳои олимпӣ ду маротиба табрик кард ва ба гардани ӯ ду медали тилло овезон кард.

Баъд аз бозиҳои олимпӣ Старостин боз бо гирифтани панҷ медали тилло дар бозиҳои мухталифи байналмилалӣ дар солҳои 1981, 1982, 1983, 1985 ва 1986 исбот кард, ки ҷоизаҳои ӯ дар бозиҳои Олимпӣ тасодуфан набуданд.

Мутаасифона ба ояндаи варзишкор ҷанҷол дар атрофи истеъмоли допинг таъсир зиёд расонд. Варзишкор аз оксибутират натрия истифода мекард. Он замон пизишкон ин даворо барои ором кардани асаб ва кам кардани стресс тавсия мекарданд. Он замон пизишкон ин даворо ҳатто ба кӯдакон ҳам тавсия медоданд.

Аммо пеш аз мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон истеъмоли ин даво барои варзишкорон манъ шуд. Пизишкони тими миллӣ ин маълумотро ба назр нагирифтанд ва ин назархунукӣ пеш аз ҳама ба варзишкорон таъсир гузошт. Ҳамин тавр, Старостин барои 2,5 сол аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шуд.

 

Чемпиони панҷ ҳунар аз Тоҷикистон: пирӯзии Анатолий Старостин дар бозиҳои олимпӣ

 

Баъд аз чанд сол, Старостин мураббии тими занҳои варзиши панҷгонаи Русия шуд. Бо роҳбарии ӯ тими занон дар чемпионатҳои Аврупо соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ шуданд.

Дар ҳоли ҳозир, Старостин роҳбари мактаби варзишии махсуси кӯдакону наврасон захираҳои олимпии Маскав ва аъзои президиуми Федератсияи варзиши панҷгонаи Русияро бар уҳда дорад. Дар суҳбатҳои худ ӯ ҳамеша аз иштирок накардани Иттиҳоди Шравӣ дар бозиҳои Олимпии соли 1984 таасуф мехурад.

“Дар замони мо низом буду як механизм кор мекард. Барои ба даст овардани натиҷа мақсад доштем. Агар дар дигар намуди варзиш варзишкор фаъолияташро анҷом диҳад, ӯ метавонис дар дигар намуди варзиш мураббӣ шавад. Дар мо на ҳама вақт ҳамин гуна мешавад. Ҳамон замон ва ҳоло дар варзиши панҷгона миёни мардон рақобати шадид вуҷуд дорад. Бо варзишкорони таҷрибадору калонсол ҷавонон рақиб ҳастанд”, - гуфт  чемпиони олимпӣ.    

Чемпиони панҷ ҳунар аз Тоҷикистон: пирӯзии Анатолий Старостин дар бозиҳои олимпӣ

Имрӯзҳо ҳам дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон аз ин варзишкор ёд мекунанд.  40 сол қабл Старостин Тоҷикистонро дар тамоми ҷаҳон ошно кард. Ӯ дар бозиҳои олимпӣ обрӯ ва эътибори ин кишвар кӯҳистониро боло бурд. Таваҷуҳи милионҳо мухлисони варзиши панҷгона дар тамоми ҷаҳон ба ин ҷумҳурӣ  ҷалб карда шуд.