Роҳи ҷадид: содироти молу коло аз Эрон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон аз масири Афғонистон

Мудири кулли транзити гумруки Эрон аз ифтитоҳи коридори ҷодаии Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон (KTAI) бо ҳаракати мошинҳои боркаши ҳомили коло аз Эрон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Мустафо Оятӣ рӯзи якшанбе гуфт, коридори KTAI аз кишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ташкил шуда ва ба унвони масири кӯтоҳ ва ҷойгузин барои ирсоли коло аз бандарҳои ҷанубии Эрон ба кишварҳои Осиёи Миёна роҳандозӣ шудааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Афғонистон барои интиқоли бор аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути қаламраваш шарт гузошт

Вай афзуд, ба манзури тавсеаи куридурҳои транзитӣ ва коҳиши тӯли роҳ ва ҳазинаи транзити коло ба мақсади кишварҳои Осиёи Миёна, фаъол кардани транзит ба Осиёи Марказӣ аз масири Афғонистон ва бо истифода аз "TIR carnet", дар дастури кори гумруки Эрон қарор гирифт.

"TIR carnet", санаде гумрукӣ аст, ки барои транзити байналмиллалии коло дар кишвари мабдаъ содир мешавад ва ба муҷиби он коло ба таври бастабандишуда аз хоки кишварҳои байни роҳ убур мекунад.

Тибқи муқаррароти "TIR carnet" то мақсад ниёзе ба анҷоми ташрифотии гумрукии марбут ба транзит дар марзҳои вурудӣ ва хуруҷии кишварҳо тибқи қавонини дохилии онҳо нахоҳад буд.

Мудири кулли транзити гумруки Эрон дар идома афзуд, панҷ мошини боркаш аз мабдаи Эрон аз тариқи Афғонистон ба мақсади Тоҷикистон ирсол шуд, ки бо анҷоми ташрифоти "TIR carnet" дар гумруки Дуғорун расман масири КТАИ ифтитоҳ шуд.

Вай гуфт, ду мошини боркаш низ нахустин бор аз гумруки бандари шаҳид Раҷоӣ дар ҷануби Эрон ба мақсади Қирғизистон дар коридори КТАИ ирсол шуд.

Гуфтнӣ аст таваққуфи пазириши мошинҳои боркаш  дар марзҳои Туркманистон, фаъолиятҳои ҳамлу нақл ва тиҷориро байни Эрон ва Осиёи Миёна қатъ карда буд, ки бо роҳандозии коридори КТАИ фаъолияти тиҷории ҷодаӣ дар ин минтақа аз сар гирифта шуд.