Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Қирғизистон барои поси хотири қурбониёни COVID -19 мотами миллӣ эълон кард: Тоҷикистон чӣ?

Қирғизистон ба дунболи Қазоқистон барои пос доштани хотири қурбониёни маризии коронавирус мотами миллӣ эълон намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Кишвардори Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков изҳор доштааст, ки рӯзи 30 - юми июл дар кишвар мотамӣ миллӣ эълон мешавад.

Дар Қазоқистон ба хотири қурбониёни COVID-19 мотами миллӣ эълон шуд

Жээнбеков дар ин бора зимни зимни мусоҳиба и худ бо "Биринчи радио" хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар аксар кишварҳои ҷаҳон барои поси хотири қурбониёни COVID - 19 мотам эълон гардида буд.

"Ман барвақт дар ҳамин фикр будам. Вале нахостам пешакӣ онро эълон кунам, чун ҳозир гап сари ҳамин масъала рафт, эълон мекунам, ки рӯзи 30 - юми июл дар сартосари Қирғизистон Рӯзи мотам эълон мешавад. Ҳоло дар ин бора қарори дахлдор ҳам ба тасвиб мерасад", - шарҳ додааст Жээнбеков.

Мотам дар хонаводаи Сатторовҳо, соҳибкорони хайрхоҳи тоҷик-акс

Ёдовар мешавем, дар Қазоқистон рӯзи 13 - уми июл ба хотири қурбониёни коронавирус мотами миллӣ баргузор гардид.

Қабл аз эълони рӯзи мотам, кишвардори Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев зимни як муроҷиатнома ба мардум изҳор дошта:

"Мутаассифона, ин беморӣ ҳаёти сокинони Қазоқистонро гирифта истодааст. Тибқи маълумотҳои расмӣ садҳо оила мотам дорад. Касе падар, модар, бародар, хоҳар, писар ё духтарро аз даст додааст. Ман ба хонаводаҳои ҳалокшудагон тасаллият изҳор мекунам. Ин фоҷиаи умумӣ барои ҳамаи мост. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки 13 июлро ҳамчун рӯзи мотами миллӣ эълон кунам".

Дар Қирғизистон аз замони авҷи маризии коронавирус дасти кам 1249 мариз ҷон аз даст доданд.