Дастури Ҳакимзода ба мақомоти ноҳияи Ховалинг: маоши кормандонро сари вақт пардохт кунед

Раиси вилояти Хатлон пас аз қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Ховалинг бо роҳбарону фаъолони ноҳия ҷаласаи корӣ анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят ба масъулони ноҳияи Ховалинг барои пардохти саривақтии маоши кормандони муассисаҳои буҷетӣ, нафақапулӣ, таъмини иҷрои нақшаи андоз дастуру супориши қатъӣ додааст додааст.

Дар вилояти Хатлон ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба худкушӣ камтар шуд

Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Хатлон аз масъулини ноҳияи Ховалинг хост  ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани 1600 гектар замини ноҳия, бакорандозии корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, бахусус кишти такрорӣ ва барои захираи маводи озуқаву рушди пилапарварӣ

Гуфта шудааст, ки зимни ҷалас дигар масъалаҳои мубрам  баррастӣ шуд ва раиси ноҳия Муҳтадӣ Маҷидӣ оид ба ислоҳи мушкилоте, ки дар ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳа аз ҷониби раиси вилоят эрод гирифта шуда буд, ҳисобот дод.

Мақомоти Ховалинг зимни ҷаласа зикр намуджанд, ки дар ҳоли ҳозир, дар ду коргоҳи маҳаллӣ дӯхти ниқобҳои муҳофизатӣ ба роҳ монда шуда, аксари муассисаҳои таълимӣ аз таъмир бароварда шуданд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти вилояти Хатлон ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири 63 километр роҳи Ховалинг-Шугнов феълан бомаром ҷараён дорад.

Таъмири роҳи мошингарде, ки маркази ноҳияи Ховалингро бо Ҷамоати деҳоти "Шугнов" мепайвандад ва солҳои дароз дар ҳолати ногувор қарор дошт, чанде пеш оғоз гардидааст.

Барои тахту ҳамвор ва сангфаршкунии роҳ соҳибкорони маҳаллӣ низ ҷалб гардиданд. Айни замон дар мавзеъҳои душворгузари роҳ корҳои барқарорсозӣ ва тахту ҳамворкунии роҳ оғоз гардидааст.