Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА муаян шуд

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии футбол ҷои ҷойи худро тағйир надода, дар мавқеи пешини худ қарор гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тибқи раддабандии нави ФИФА Тоҷикистон бо 1152 имтиёз ин моҳ низ дар ҷойи 121-ум қарор гирифтааст.

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё дар ҷойи 22 қарор дорад.

Тибқи итиллои манбаъ, дар байни кишварҳои Осиё  аз ҳама натиҷаи беҳтарро дастаи мунтахаби Япония  дорад, ки бо касби 1500 хол дар зинаи 28-уми раддабандӣ қарор  гирифтааст.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама болотар Ӯзбекистон буда дар ҷойи 85 нишастааст.

Қирғизистон дар рейтинги нави ФИФА ҷои 96-ум, Қазоқистон 118-ум ва Туркманистон 129-умро ишғол кардааст.

Русия низ мавқеи қаблияшро ҳифз карда, дар ҷойи 38 нишастааст. 

Тибқи ҷадвали раддабандӣ кишварҳое, ки бо имтиёзҳои баландтарин ба даҳгонаи аввал шомил шудаанд, инҳо мебошанд: Белгия (1765 хол), Франсия (1733), Бразилия (1712), Англия (1661), Уругвай (1645), Хорватия (1642), Португалия (1639), Испания (1636), Аргентина (1623), Колумбия (1622).