Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳои назоратӣ насб карданд

Дар минтақаҳои назисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки то охир ҳудуди марзи давлатӣ муайян нашудаанд, чораҷӯиҳои амниятӣ ҷоннок карда мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Зариф Нозирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар рафти нишасти матбуотӣ дар бораи ҷораҷӯиҳои иловагӣ дар минтқаҳои наздисарҳадӣ хабар дод.

Жээнбеков: вазъ дар марз бо Тоҷикистон то ҳол мушкил мемонад
Ба гуфтаи вай, дар минтқаҳои муайянношудаи марз бо Қирғизистон дурбинҳои назоратӣ насб шуданд. Арзиши он ҳудуди 250 ҳазор сомониро ташкил дод, гуфтааст Нозирӣ.

Дар назар аст, ки ҳамчунин девори сунъӣ насб карда мешавад.

Ин чораҷӯиҳо ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус ва убури ғайриқонунии марз роҳандозӣ мешаванд.

Баҳси марз: талоши Тоҷикистону Қирғизистон барои таҳияи мулоқоти намояндагони ҳарду кишвар

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъкид кард, ки афзун бар ин, корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ бояд тавсеа бахшид.

Ёдрас мешавем, танишҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон борҳо боиси нофаҳмиҳо байни ҳамсоягон гашта буд. Чанд маротиба намояндагони марзбонии ду кишвар якдигарро муттаҳам мекарданд. Билохра, ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки барои шаффофият дурбинҳои назоратӣ насб кунанд.