Боздошти зани 43-солаи сокини Хуҷанд ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона: 200 сомонӣ мегирифт

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон навиштааст, ин зан барои муносибатҳои маҳрамона зане мардеро шинос карда, барои ин "хидматаш" 200 сомонӣ "мукофотпулӣ" гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зани 43-солеро дар Хуҷанд ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир кардааст. Дар ин бора вебгоҳи вазорати мазкур хабар медиҳад.

Хонаи иҷорагирифта ба фоҳишахона табдил ёфт: боздошти ҷавони 24-сола дар пойтахт
"Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 43-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад,  ин зан санаи 13-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа дар кӯчаи Ленини шаҳри мазкур марди 38-солаи сокини шаҳраки Ғафуров ва зани 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзро барои муносибатҳои маҳрамона шинос намуда, аз онҳо ҳақи хизмат 200-сомони муқофотпулӣ гирифтааст.

Боздошти марди 33 - сола барои ташкили фоҳишахона: аз муштариёни худ 150 сомонӣ мегирифт

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.

Тафтишоти қазия идома дорад.