ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Шеъре, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар бозгушоии масҷиди Аёсофия хонд шеъре форсӣ аз султон Муҳаммади Фотиҳи Усмонӣ аст, ки ҳангоми фатҳи Истамбул дар соли 1453 мелодӣ суруд.
“Пардадорӣ мекунад дар қасри Қайсар анкабут/ бум, навбат мезанад бар Торими Афросиёб”
Раҷаб Тайиб Эрдуғо, раисҷумҳури Туркия то кунун чанд бор аз шеърҳои форсӣ дар суханронии худ истифода кардааст.
Вай дар иҷлоси сарони ду кишвари Туркия ва Эрон дар Анқара байти "Дарахти дӯстӣ биншон..."-и Ҳофизро хонд ва дар иҷлоси сарони раванди Остона дар Теҳрон низ бо байти "Ту каз меҳнати дигарон беғамӣ"-и Саъдӣ, мақсадҳои сиёсии худро баён кард.
Раисҷумҳури Туркия дар суханронии ҷумъашаби худ табдили осорхонаи Аёсофияи Истамбул ба масҷидро як масъалаи дохилӣ донист ва аз ҳамагон хост ба тасмими Додгоҳи олии Туркия дар ин замина эҳтиром бигузоранд.
Вай таъкид кард, дарҳои масҷиди Аёсофия ба рӯйи боздидкунандагони ғайри мусулмон ҳам боз аст ва ин масҷид рӯзи 24 июл ифтитоҳ мешавад.
Бояд қайд кард, ки додгоҳи олии идории Туркия рӯзи 9 июл бо тағйири ҳукми соли 1934-и ҳайати вазирони ин кишвар дар бораи Аёсофия, онро аз осорхона ба масҷид тағйир дод.
Ин ҳукм бо мухолифати Амрико, Франса, Русия, раҳбари ортодоксҳои Юнон ва ЮНЕСКО рӯбарӯ шудааст.