Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

"Ҳама зид буданд": Путин дар бораи боздид аз Коммунарка

Президенти Русия Владимир Путин дар бораи боздид аз беморхонаи Коммунарка, ки маризони вируси корона бистарӣ буданд, нақл кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин иқрор шуд, ки аз ӯ хоҳиш карданд то аз сафар ба беморхонаи рақами 40, воқеъ дар Коммунаркаи Маскав, даст кашад.

"На инки кӯшиш мекарданд. Ҳама зид буданд", - гуфт Путин дар суҳбат бо шабакаи "Россия 1".

Дар баробари ин президенти Русия сафар ба Коммунаркаро он қадар хатарнок намешуморид.

Путин гуфт Русия COVID - 19 - ро бо камтарин талафот паси сар мекунад

"Чаро ман ба он ҷо рафтам? Аввал, ин ки ман мехостам бо чашмони худ бубинам, ки он ҷо чӣ гуна ташкил шудааст. Ман доим ҳамин гуна мекардам. Дар ҳама ҷо. Дар куҷое, чӣ ҳодисае, ки рух надиҳад", - қайд кард Путин.

Раҳбари кишвар гуфт, пеш аз сафар ба беморхона бо мутахассисон ҳамсуҳбат шуд ва роҳи камтарин хатар дар нуқтаи сурхро фаҳмид.

Путин дар бораи набераҳояш: ӯ гуфт, чигуна ба Кремл занг мезананд

"Бо тарзи лозима пӯшида будам, ростӣ ин амал ба сардухтури беморхона барои мариз шудан кумак накард. Ин рост аст. Чунин ҳолатҳо мешавад", - хулоса кард Владимир Путин.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 25 март Владимир Путин аз беморхонаи рақами 40, воқеъ дар Коммунаркаи Маскав боздид кард. Дар ин беморхона маризони гирифтори коронавируси навъи COVID - 19 табобат мешаванд.

Пас аз боздид ва суҳбат бо пизишкони ин даргоҳ Путин либоси муҳофизатӣ ба бар кард ва ба шуъбаи сироятӣ рафт.

Барои ин кораш бисёриҳо Владимир Путинро шахси бепарво хонданд ва гуфтанд, ки ӯ зиндагии худро дар хатар гухзошт.

Дар баробари ин Владимир Путин пас аз раҳбари Чин Си Ҷин Пин дуюмин президенте шуд, ки ба назди сироятшудагони коронавирус рафт.