ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Шабонарӯзи ахир дар Ӯзбекистон шумораи рекордии гирифторшавии шаҳрвандон ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Бар хабари Вазорати тандурустии ин кишвар, бо илова шудани 262 ҳолати ҷадид теъдоди умумии дардмандони COVID -19 ба 7 490 нафар расид.
"То соати 10:00 - и рӯзи 27 - уми июн 262 мавриди ҷадид сабт гардид, ки ин бузургтарин нишондод ба ҳисоб меравад", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.
Аз март ба сентябр: бозии футболбозони тоҷик бо тими Ӯзбекистон дар Тошканд доир мешавад
Зимнан, аз миёни беш аз 2 ҳазор гирифторони коронавирус дар ин кишвар, 20 мариз дар ҳолати вазнин дар дармонгоҳҳо қарор доранд.
Ҳамзамон пизишкон вазъи саломатии 8 нафар беморро ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, шумораи маризони коронавирус аз ҳисоби шаҳрвандоне, ки бо кушода шудани равобити ҳавоӣ ба ватан баргаштанд, афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Ӯзбекистон аз шифо ёфтани 5038 нафар мубталоёни коронавирус хабар медиҳад.