Боздошти мошинхари қаллоби 39 - сола: худрави "Инфинити" - ро бе пул "харид"

Нисбати сокини 39 - солаи ноҳияи Б. Ғафуров, ки дар қаллобӣ ҳангоми харид намудани мошин гумонбар дониста мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Кормандони милитсия сокини 39 - солаи ноҳияи Б. Ғафуровро дастгир намуданд, ки дар содир намудани кирдори қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Зиндон ислоҳ накард: зани 51-сола боз даст ба қаллобӣ зад

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, номбурда моҳи декабри соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 49 - солаи сокини шаҳри Душанбе, даромада аз ӯ 1 - адад автомашинаи тамғаи "Инфинити"-ро бидуни пардохт намудани маблағ гирифтааст.

Ҳоли Иноятзода, раиси барканоршудаи Кӯлоб ва афзоиши дубораи беморон дар шаҳр

Гуфта мешавад, соҳиби ин мошин худравашро 9 400 доллари амрикои нархгузори карда ба сокини ноҳияи Б. Ғафуров фурӯхт.

Аммо ба изҳори соҳиби худрав ӯ то ҳол маблағи мошини фурӯхтаашро нагирифтааст.

Зимнан, пас аз дастгир шудани сокини 39 - сола, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.