ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ҳудуди 500 нафар аз шаҳрвандони Русия дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мунтазири бозшудани гузаргоҳи марзӣ барои базгашт ба кишварашон ҳастанд, менависад "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои маҳаллии Тоҷикистону Ӯзбекистон.
То 24 июн, ҳудуди 140 дастгоҳи худрав бо 500 сарнишин дар пойгоҳи марзӣ таҷамуъ карда буданд.
Таҷамуъ кунандагон аз мақомоти ду кишвар дархости эҷоди каридорисабз ва судури иҷозатномаи убур доранд то онҳо битавонанд ба Русия баргарданд.
Ин дар ҳоле аст ,ки дамои 45 дараҷаии дамо ба мушкилоти афроди таҷамуъкарда дар марз афзудааст. Таи як моҳи гузашта Русия чандин парвози вижа барои интиқоли шаҳрвандони худ аз Тоҷикистон роҳандозӣ кард , аммо нархи билети он 400 Евра эълон шуд ,ки бисёре аз шаҳрвандон тавонои пардохти ин маблағро надоранд.