Рӯзи 25 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1794 дар робита ба инқилоби Фаронса Екатерина II фурӯши маҳсулоти Фаронсаро дар Русия манъ намуд.
Ссоли 1858 нахустшумораи аввалин рӯзномаи бритониёию колумбиягии «Виктория газет» нашр шуд.
Соли 1876 моҳигири америкоӣ Алфред Енсен аввалин маротиба дар таърих аз уқёнуси Атлантика танҳо шино карда гузаштааст.
Соли 1919 дар Олмон аввалин парвози нахустҳавопаймои «Юнкерс F 13», ки қаноташ як ҷуфт аст, ба амал омад.
Соли 1935 дар Порис Анҷумани байналмилалии нависандагон дар ҳимояи фарҳанг баргузор гардид, ки дар он Ҷамъияти байналмилалии нависандагон ва Шуъбаи ҳамешагии байналмилалии нависандагон барои ҳимояи фарҳанг таъсис дода шуданд.
Соли 1959 дар Москва Никита Хрушев ва сарвазири Америка Ричард Никсон аввалин маротиба дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ намоишгоҳи миллии Америкаро кушоданд.
Соли 1998 системаи махсуси амалиётии «Windows 98» баромад.
Рӯзи 25 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1947 ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шудааст.
Соли 2007 дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Asia Grand Hotel» ифтитоҳ ёфт.
Соли 2008 хатти барқи «Лолазор-Хатлон» ифтитоҳ гардид.
Соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Куала-Лумпур бо собиқ Сарвазири Малайзия Махатҳир Муҳаммад мулоқот намуд. Зимни гуфтугӯ аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ, муҳайё шудани нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва оғози фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия изҳори хушӣ карда шуд.
Соли 2016 дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиндагӣ ва фаъолияти сокинони деҳаи навбунёди Раҳмонобод шинос шуд.
Ҷашнҳои рӯзи 25 июн
- Дар Мозамбик — Рӯзи Истиқлолият.
- Дар Русия- рӯзи кормандони омор.
- Дар Словения — Рӯзи сохти давлатдорӣ.
- Дар Филиппин — Рӯзи дарахтшинонӣ.