“Мунираро пушти чанбар хоб бурду Мерседес бо 4 нафар сарозер шуд”: видеои садамаи маргбор

Тақрибан соати 5:30 дақиқа, Мунира Мамадқулова, ронандаи 29-соларо ҳангоми идораи “Мерседес” дар роҳи Душанбе – Хуҷанд хоб бурдааст. Дар натиҷа худрав бо 4 нафар ба ҷарӣ сарозер шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik.Тибқи гузориши раёсати умури дохилии Суғд, субҳи барвақти 14-уми июн, “Мерседес”-и ҳомили 4 нафар дар километри 111 шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, дар ҷамоати Фондарё, деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ ба ҷарӣ чаппа шудааст.

“Одамкушӣ ҳангоми мудофиа”: бархе тафсилоти ҳукми махфии Кабирӣ дар ғайбаш

Ба иттилои манбаъ, мошин таҳти идораи Мунира Мамадқулова, сокини 29-солаи шаҳри Ваҳдат қарор доштааст.

Дар пайи садама Раҷаббой Исмоилов, сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ва ду мусофири дигараш  - Акмалҷони Раҳмат, мутаваллиди соли 1990,  Қудратов Азамат соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаҳои шаҳри Ваҳдат дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Мақомоти бозрасӣ муайян кардаанд, сабаби садама, хастагии ронанда, дақиқтараш ғалабаи хоб ҳангоми идораи мошин будааст.