ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор карда, ки парвозҳои миёни шаҳри Душанбе ва Хоруғро барқарор кунад. Дар ин бора раҳбари ширкати "Тоҷик Эйр" Дилшод Исматуллозода дар сущбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ қайд кард, ки ширкати ҳавоӣ парвозҳои самти Душанбе - Хоруғро бо рӯйхати пешакӣ аз сар мегирад.
Панҷ парвоз аз Душанбе ба Русия то июл: рӯзҳои хатсайр дақиқ шуданд
"Қарор қабул шуд, ки парвозҳо ба шаҳри Хоруғ барқарор карда шавад. Мо парвозҳои дохили кишварро барқарор мекунем", - гуфт раҳбари ширкат.
Ӯ гуфт рӯзи парвоз танҳо дар сурати зиёд шудани дархостҳо барои парвоз эълом карда мешаванд.
Хушхабар: аз 25 - июн парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон оғоз меёбанд
"Дар сурати кам будани шумораи мусофирон парвоз аз назари иқтисод зараровар аст", - қайд кард Исматуллозода.
Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон аз 1 июл парвозҳоро ба Ӯзбекистону Амороти Муттаҳидаи Араб барқарор мекунад.