Яхмоси тоҷикӣ: чӣ гуна онро дар Қубодиён истеҳсол мекунанд - видео

Дар вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли яхмос фаъолият мекунад, ки ҳамарӯза навъҳои гуногуни яхмосро истеҳсол карда ба бозорҳо мебарорад
Sputnik

Дар вилояти Хатлон дар ҷамоати шаҳри Қубодиён корхонаи истеҳсоли яхмосҳои ватанӣ таҳти бренди "Яхмоси Қубодиён" фаъолият мекунад.

Путин ба худаш ду яхмос ва ба Эрдуғон як яхмос харид - навор

Навори фаъолияти кормандони ин корхона дар шабакаи  YouTube - и маъмурияти вилоят нашр шудааст.

Фурӯшандаҳои асосии яхмос дар Тоҷикистон муайян шуданд

Аз навор бармеояд, ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба корхонаи мазкур ташриф оварда, раванди кори онҳоро мавриди санҷиш қарор дод.

Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Бахтиёр Раҳмонов кушода шуда, се манотиқи ин вилоятро бо яхмоси ватанӣ таъмин мекунад.

Ҳамаи маҳсулот аз лиҳози сифат ҷавобгӯ ба стандартҳо буда, дар бозорҳо ва мағозаҳо Конибодом, шаҳритус ва Номири Хустарв фурӯхта мешаванд.