ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон таъкид кардааст, ки мусофирони ин парвозҳо бояд гувоҳиномаи таъйидшудаи мубтало нашудан ба вируси коронаро ба ҳамроҳ дошта бошанд, ки дар акси ҳол аз савор шудани онон ҷилавгирӣ хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Ҳамчунин Ситод ба созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон дастур додааст, ки мавзӯи барқарории дубораи парвозҳо бо Русия, Чин ва Туркияро маврид баррасӣ қарор диҳад.
Парвозҳои хориҷӣ аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон аз 20 моҳи марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд.
Аммо чанд бор барои хориҷ кардани атбои Тоҷикистон аз теъдоде аз кишварҳои хориҷӣ ва интиқоли таҷҳизоти пизишкӣ ба бемористонҳои ин кишварпарвозҳои чартерӣ аҷом шудааст.
Ҳамчунин ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон баргузории ҷашнҳои арӯсиро бо ҳузури 100 нафар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ, ки ба далели густариши вируси корона мамнуъ шуда буд, иҷозат додааст.