ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Файзов барои кумакҳо ба Хадамоти Оқохон сипос гуфта, дар давраи хуруҷи беморӣ дастрасӣ ба доруҳоро масъалаи асосӣ донист.
Ӯ афзуд, ки баробари кумакҳои Ҳукумат ба ВМКБ, шарикони рушд низ дастгирии пайваста намуданд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки масъалаи таъмири бинои беморхонаи вилоятӣ, дастрас намудани асбоби махсус барои ташхиси бемории covid 19 ва оксигенгенератор аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Ҳисоботи мақомоти ВМКБ аз маблағи харҷкардаашон алайҳи COVID - 19
Намояндагони Хадамоти Оқохон оид ба тандурустӣ таъкид намуданд, ки дар ин самт бо Ҳукумати мамлакат ҳамкорӣ дошта, метавонанд дар ин ҷода кумаки башардӯстонаи худро пешниҳод намоянд.
Ёдгор Файзов бо зикри сироятӣ будани бемории коронавирус муҳим хондааст, ки ҳарчи зудтар дар ҳудуди вилоят бунёди беморхонаи сироятӣ ба роҳ монда шавад.
Дар мулоқот инчвунин ниёзмандӣ ба мутахассисони соҳибтаҷриба таъкид шудааст, ки бо дастгирии Хадамоти Оқохон оид ба тандурустӣ метавон онҳоро омода намуд.
"Ёри рафта": Зайнура Пӯлодова суруди Манижа Давлатоваро бозхонӣ кард - навор
Котиботи мақомоти ВМКБ афзуданд, ки намояндагони Хадамоти Оқохон изҳор доштаанд, ки дар самти мубориза бо covid 19 дар ҳамкорӣ бо Ҳукумат нақшаҳои пешниҳодгардидаро амалӣ хоҳанд намуд.