Қарори Ситод дар бораи парвозҳо ба Дубай, Ӯзбекистон, Русия ва Туркия

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19, таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода қарор кардааст, ки парвозҳо ба бархе кишварҳо аз сар гирифта шаванду ба баъзе давлатҳои дигар мавриди баррасии иловагӣ қарор гиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Тибқи қарори Ситод, барои парвозҳо ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ӯзбекистон аз 1-уми июли соли равон иҷозат дода мешавад. Таъкид шудааст, ки мусофирон бояд ҳатман маълумотномаи тиббӣ дошта бошанд.

Танҳо як маърака ва 100 нафар: Тоҷикистон гузаронидани тӯйҳои хонадоршавиро иҷозат дод

Ситод тасмим гирифтааст, ки оғози парвозҳо ба Русия, Туркия ва Чин мавриди омӯзиши иловагӣ қарор дода шаванд.

“Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки масъалаи ташкили парвозҳоро ба самти Федератсияи Россия, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди омӯзиш қарор дода, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ таклифу хулоса пешниҳод намояд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ситоди ҷумҳуриявӣ афзуд, ки дар баробари пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19, ҳамчунин парвозҳои транзитӣ ва чартерӣ барои интиқоли молу маҳсулот тариқи хатсайрҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад.

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 масъулинро муваззаф кардааст, ки барои пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.