Истеъфои сарвазири Қирғизистон: дар фурӯши радиобасомадҳо бо арзиши ночиз муттаҳам мешавад

Премьер-министр Мухаммедкалый Абылгазиев и глава правительства Таджикистана Кохир Расулзода. Архивное фото
Пас аз ҷанҷолҳои тӯлонӣ бобати фурӯши радиобасомадҳо бо арзиши ночиз, сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев ба истеъфо рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16  июн — Sputnik. Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев истеъфо дод, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

встреча Премьер-министра Кыргызской Республики Мухаммедкалыя Абылгазиева и Премьер-министра Республики Таджикистан Кохира Расулзоды
Расулзода ва Абилғозиев ба эътидол овардани вазъ дар марзи ду кишварро баррасӣ карданд

Ба иттилои манбаъ, ӯ ҳукумати Қирғизистонро аз моҳи апрели соли 2018 сарварӣ кардааст. Расман, сипати худро Абилғозиев пас аз имзои фармони дахлдори кишвардор Сооронбай Жээнбеков тарк хоҳад кард.

Сарвазири Қирғизистон рӯзи 27 май дар пайи ҷанҷоли фурӯши радиобасомадҳо бо арзиши ночиз ба рухсатии кутоҳмуддат баромад. Вай гуфт, ҳадаф аз ин рухсат "роҳ надодан ба овозаҳое дар бораи фишор овардани сарвазир ба ҷараёни тафтишот ва таъмини шаффофияти тафтишот аст".

Айни ҳол ноиб-сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов фаъолияти ҳукумати Қирғизистонро пеш мебарад.