Рӯзи 15 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1876 дар Ҷопон сунами ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 28 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1883 дар Олмон қонуне ба тасвиб расидааст, ки дар вақти беморӣ суғуртаи кории кормандро танзим менамояд.
Соли 1905 Русия ва Ҷопон дар шаҳри Вашингтон барои гузаронидани музокироти осоишта ба мувофиқа омаданд.
Соли 1982 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи миллии Венгрия дастаи миллии Салвадорро бо ҳисоби калони 10:1 мағлуб кард.
Соли 1999 дар Белгия фурӯши «Кока-Кола»-ро бо сабаби доштани моддаҳои зиёди кимиёвӣ манъ намуданд.
Рӯзи 15 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1996 Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Русия Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал қадрдонӣ шуд.
Соли 2011 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ роҳҳои рушди ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуданд.
Соли 2011 ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Остона баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва давлатҳои нозир иштирок намуданд.
Соли 2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҷонибдорӣ кард.
Ҷашнҳои рӯзи 15 июн
- Рӯзи байналмилалии шамол.
- Дар Ҷумҳурии Корея – Рӯзи кишоварзӣ.
- Дар Озарбойҷон — Рӯзи миллии наҷот.
- ар Коста-Рика – Рӯзи дарахтшинонӣ.