ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ, то соати 18:00 дақиқаи 12 июн дар Тоҷикистон 4902 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардидаааст.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар Тоҷикистон 3158 (64,4%) нафар шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон, манбаъ зикр намудааст, ки то санаи зикргардида дар ҷуҳурӣ аз ин беморӣ 49 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ёдрас шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ айни замон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.
Ҳамчунин вазорат аз сокинон даъват кардааст, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос барои пешгирии сирояти вируси корона пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.