Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

СҶБ сатҳи фавт аз COVID - 19 дар Русияро ғайриоддӣ хонд

Созмони ҷаҳонии беҳдошт омори фавт аз коронавируси навъи COVID - 19 дар ҳудуди Русияро баҳогузорӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Омори фавт аз коронавирус дар Русия барои фаҳмиш душвор аст, изҳор дошт мудири барномаи ҳолатҳои фавқуллодаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт Майкл Райан дар ҳамоиш.

Бар пояи омори ситоди фаврӣ дар Русия наздики ним мииллион кас гирифтори коронавирус шудааст, вале танҳо 6,3 ҳазор қурбони он шудааст.

Гирифтории 1701 корманди тиб ба COVID‐19 ва даъват аз пизишкони Аврупою Русия

Раҳбари СҶБ сатҳи фавт дар Русияро ғайримаъмулӣ хонд, чун кишвар аз ҷиҳати теъдоди маризони коронавирус дар ҷаҳон дар мақоми сеюм аст.

На аз Чин: Голикова гуфт, коронавирус ба Русия аз куҷо ворид шуд

"Аҷиб аст, ки сатҳи фавт нисбат ба теъдоди гирифторони вирус бисёр паст аст. Муҳим аст, ки Русия фавт аз коронавирусро хуб арзёбӣ кунад, то боварӣ бошад, ки ин кор ба хубӣ анҷом дода мешавад", - гуфт Райан.

Ӯ ҳадс зад, ки шояд сатҳи пасти фавт ба ошкор шудани маризӣ дар рӯзҳои аввали беморӣ ва гузаронидани тест вобаста бошад. Дар баробари ин ӯ қайд кард, ки бо нишондодҳои монанд дар дигар кишварҳо, сатҳи фавт ба маротиб бештар аст.

"Арзёбии сатҳи пасти фавт аз коронавирус дар Русия мушкил аст, чун зичии аҳолӣ ва нишондоди синну солӣ низ бо кишварҳои Урупо қариб якхел аст", - афзуд ӯ.

Райан ёдрас шуд, ки СҶБ ба ҳамаи кишварҳо барои ҳисоби фавт тавсияномаи якхела равон кард, вале бархе аз давлатҳо бо дастури Вазорати беҳдошти худ арзёбӣ мекунанд.

Ноиби сарвазири Русия Татяна Голикова изҳор дошт, ки фавт дар Русия аз COVID -19 нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон 7,4 маротиба камтар аст.