Аброр Назаров сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон суруд ва клипи тозаи худро зери унвони "Мову ту" сабт ва дар саҳифааш дар шабакаи Youtube нашр кард.
Дар намоҳанги сароянда овозхон - Ҳанифа Эмомалӣ нақш офаридааст.
Суруд ва намоҳанги "Мову ту" аз ишқе ҳикоят мекунад, ки аввал дораду охир не.
Барои сабти ин намоҳанг Аброр Назаров ба аҳли эҷод барои кумак иҳзори сипос кардааст.
Ахиран Аброр Назаров моҳи декабри соли 2019 намоҳанге таҳти унвони "Бе нигоҳи ту" - ро сабт ва пешкаши мухлисон карда буд.
Аброр Назаров: на ҳар касе метавонад роҳи Далер Назаровро биравад
Аброр Назаров ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода, гуфт ин намоҳангро ҳамроҳи дӯстон тобистони соли 2019 дар Черногория сабт кардааст ва он барои шод кардани дили мухлисон омода шудааст.