ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Саидаббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ахиран дар Теҳрон дар вокуниш ба таҳримҳои нави Амрико алайҳи ширкатҳои киштиронӣ ва нафткашҳои эронӣ гуфт, Эрон бо ингуна таҳримҳо ва фишорҳо таслим намешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Садо ва Симо”.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон қайд кард, ки Амрико як бор ҳамаи миллати Эронро таҳрим кард ва сипас дар дили ҳамин таҳримҳо, шаҳрвандон ва ё масъулони эрониро ба сурати фардӣ таҳрим мекунад.
Мусавӣ ба мақомоти амрикоӣ тавсия кард, ки даст аз иқдомоти якҷониба ва ғайриқонунӣ ва бозӣ бо қоидаҳо ва муқаррарот бардоранд, ҳар чанд, ки таҳримҳои онҳо беасар ва дохилии худи Амрико аст ва пуштвонаи байналмиллалӣ надорад.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии амрикоиҳо бештар аз онки алайҳи Теҳрон бошад, алайҳи муттаҳидони худашон ва алайҳи тиҷорати ҷаҳонӣ аст.
“Ҷомеаи байналмиллалӣ бояд ба худаш биёяд ва монеи таҳримҳои якҷониба ва фаросарзаминии Амрико ва густариши он ба дигар кишварҳо шавад”, - зикр кард ӯ.
Мусавӣ дар идомаи ин гуфтугӯ зикр кард, ки бархе аз шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ва ҳатто ғайриҳамсоя саъй мекунанд ба шакли қочоқ вориди Эрон шаванд, аммо неруи низомии ҷумҳурии исломӣ ба манзури ҳифзу амнияти миллӣ дар ин замина кутоҳӣ нахоҳад кард.