ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Тибқи раддабандии ин пойгоҳ дар садри ҷадвал ҳамоно бозигари фаронсавӣ ва ҳамлавари тими “ПСЖ” Килиан Мбаппе нишастааст. Ӯ соли гузашта низ ин зинаро соҳиб гашта буд.
Бар пояи гузориш Килиан Мбаппе гаронарзиштарин футболибози сайёра унвон гашта 259,2 млн евро арзиш дорад.
Дар зинаи дувву Раҳим Стерлинг бозигари “Манчестер Сити” (194,7 млн евро арзиш дорад) ва дар ҷойи сеюм бошад Ҷейдон Санчо футболбози тими “Боруссия» Дортмунд” (179,1 млн евро арзиш дорад) нишастааст.
Ҳамчунин ба даҳгонаи гаронарзиштарин футболбозон Трент Александер-Арнолд (Ливерпул” – € 171,1 млн) , Маркус Рашфорд (“Манчестер Юнайтед” – € 152,3 млн) , Муҳаммад Салоҳ (“Ливерпул” – € 144,9 млн) , Садио Мане (“Ливерпул” – € 139,2 млн) , Антуан Гризманн (“Барселона” € 134,6 млн) ва Алфонсо Дэвис (“Бавария” – € 133,5 млн”) шомил шудаанд.
Ду ситораи футболи ҷаҳонӣ Лионел Месси ва Криштиану Роналду ҳатто ба бистгонаи раддабандӣ шомил нашудаанд.
Таҳлилгарон Мессии аргентиниро ки 100,1 миллион евро арзиш дорад дар зинаи 22 ва Роналдои португалиро, ки € 62,8 миллион евро арзиш дорад, дар ҷойи 70 қарор додаанд.
Соли гузашта дар ин раддабандӣ ин ду нобиғаи футбол дар зинаҳои 4 (Месси) ва 20 (Роналду) қарор доштанд.
Гуфта мешавад раддабандӣ бо назардошти арзёбии арзиши бозингарон, синну сол, мавқеъ, бозӣ дар сатҳи даста ва сатҳи мунтахаби миллӣ, муваффақияти клубҳо ва тимҳои миллӣ, сатҳи чемпионат ва ҳатто шартҳои шартнома бо бошгоҳҳо таҳия мешавад.