Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

25 рӯзи табобат ва рухсат шудани раиси Суди олии иқтисодӣ аз “Инфексионний”

Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон, ки аз илтиҳоби шуш дар шифохона таҳти тадовӣ қарор дошт, рухсат шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Як манбаъ дар дар Шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, маъруф ба "Инфексионний", воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, ки ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон пас аз ҳудуди 25 рӯзи табобат рухсат шудааст.

"Хушбахтона, он кас марҳилаи ҳассоси илтиҳоби шушро паси сар карда, шифо ёфтанд ва ду рӯзи қабл рухсат шуданд", - гуфт ин манбаъ.

Ин хабарро дар Суди олии иқтисодии Тоҷикистон низ тасдиқ карда, гуфтанд, ки "муаллима ҳоло дар рухсатӣ қарор доранд".

Прокурори генералии Тоҷикистон аз "пневмония" шифо ёфт

Нухбагон дар набарди "пневмония": гирифтории раиси Суди олии иқтисодиву раиси дастгоҳаш

Мавлуда Сатторӣ Қаландарзода дар интихоботи парлумони соли 2015 аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров №14 – и вилояти Суғд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати V интихоб шуда, 10 феврали соли 2017 ба курсии раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон такя задааст.

Мавсуф сеюмин мансабдори баландмақоми Тоҷикистон аст, ки нимаҳои моҳи май бо маризии "пневмония" ё илтиҳоби шуш бистарӣ шуда, ин маризиро паси сар кард.

Қабл аз ӯ Юсуф Раҳмон, прокурори генералӣ ва Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ аз имтиҳони "илтиҳоби шуш" гузашта, рухсат шуда буданд.