Аҳмадзода ва Саидшозода, ки ба ҷои ҳамдигар таъйин шуданд, кистанд-акс

Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон ҳолномаи Музаффар Аҳмадзода ва Ҷамшед Саидшозодаро, ки бо фармони раисиҷумҳур ҳамдигарро дар мақомҳои муовин ва муовини аввали сардори Ожонси зидди фасод иваз карданд, нашр намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Полковник Аҳмадзода Музаффар Раҷаб, ки муовини аввали сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъйин шуд, ду донишгоҳу ду академияро хатм кардааст.

Боздошти раиси шаҳри Кӯлоб аз сӯи Кумитаи амният

Тибқи иттилои Ожонси зидди фасод, Аҳмадзода 54 сол дошта, соли 1988 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, соли 2001 Донишгоҳи давлатии тиҷорат,  соли 2008 Академияи ВКД ва соли 2018 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Русияро хатм кардааст.

Солҳои 1989 - 1996 - аспиранту корманди илмӣ, солҳои 1996 – 2006 дар вазифаҳои гуногуни Саридораи полиси андози Тоҷикистон кор кардааст.

Сипас дар мақомҳои гуногуни Ожонси зидди фасод, аз ҷумла  солҳои 2011 – 2014 сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар шаҳри Душанбе, солҳои 2014 – 2016  сардори Раёсати Агентии зидди коррупсия дар вилояти Суғд, солҳои 2016 – 2019 сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Таъйиноти кадрӣ дар Агентии зидди коррупсия: фармонҳои Президент

Солҳои 2019 - 2020  муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардаст. Аз 15 майи соли 2020  муовини якуми Директори Агентӣ мебошад.

Даргузашти Ҳоҷӣ Зариф, соҳибкоре, ки худро дар Кӯлоб оташ зад

Ҷамшед Саидшозода, ки то ҳол ноиби аввали сардори Ожонси зидди фасод буду бо фармони раисиҷумҳур ба мақоми муовини сардори Ожонс таъйин шуд, 28 феврали соли 1974 дар шаҳри Кӯлоб, таваллуд шудааст.

Аҳмадзода ва Саидшозода, ки ба ҷои ҳамдигар таъйин шуданд, кистанд-акс

Тибқи иттилои Ожонси зидди фасод, Саидшозода соли 1996 факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, соли 2015 факултети ҳуқуқшиносии Донигоҳи славянии Русия ва  Тоҷикистонро хатм намудааст.

Ӯ корашро дар Таҷпромбонк оғоз карда, сипас дар мақомҳои гуногун дар Амонатбонк ва Ожонси зидди фасод фаъолият доштааст.

Тибқи ҳолнома, Саидшозода солҳои 2016-2019 сардори Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, солҳои 2019 – 2020, муовини якуми директори Агентӣ ва аз моҳи майи соли 2020  муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мебошад.