Бозгашти футболи тоҷик дар тирамоҳ ба майдон: санаи баргузории бозиҳо эълон шуд

Конфедератсияи футболи Осиё санаи эҳтимолии бозиҳои боқимондаи даври дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022-ро эълон кард, ки мебоист дар моҳҳои март ва июн баргузор мешуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Тибқи иттило дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон  ин тасмими Конфедератсияи футболи Осиё пас аз машварат бо ФИФА 5 июн, сурат гирифтааст.

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад, рӯзи 8 октябр бо тими миллии Муғулистон бозии хонагӣ анҷом медиҳад.

Дастпарварони Усмон Тошев боз ду вохӯриро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон 2022 дар моҳи ноябр  бо Ҷопон (12 ноябр, дар меҳмонӣ) ва Миянма (17 ноябр, дар хона) баргузор хоҳанд кард.

КФО гуфтааст, минбаъд низ назорати қатъии вазъро барои таъмини бехатарӣ ва беҳбудии ҳама дастаҳо, нафарони расмӣ, мухлисон ва ҷонибҳои манфиатдор, ва маҳдудиятҳои маҷуда дар давлатҳоро идома медиҳад ва дар сурати зарурати аз нав дида баромадани ҷадвали бозиҳо вобаста ба пандемияи COVID, ҳамаи тарафҳоро огоҳ месозад.