Конор имкони набард бо Ҳабибро ба даст овард

Конор Макгрегори ирландӣ бо ғолиби муҳорибае, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гэтҷи баргузор мешавад, мубориза мебарад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2  июн — Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфтааст, ки қаҳрамони собиқи ду вазн Конор Макгрегор бори дигар шонси ба даст овардани унвон дорад, хабар медиҳад ESPN.

Ҳабиб номзади мувофиқ ба мансаби роҳбари Доғистон унвон шуд

Уайт гуфт, варзишкори ирландӣ бо ғолиби муҳорибае, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни қаҳрамони UFC  Ҳабиб Нурмуҳаммадо ва Ҷастин Гэтҷи баргузор мешавад, мубориза мебарад.

“Ман интизори набарди Гэтҷи ва Ҳабиб ҳастам. Мехоҳам бинам, ки он чӣ гуна ба поён мерасад. Пас аз он мунтазири муҳорибаи Конор бо ғолиби ин зӯрозмоӣ хоҳам буд",-гуфтааст ӯ.

Ҳамин тариқ, агар Нурмуҳаммадов  Ҷастин Гэтҷиро мағлуб кунад, ӯ боз дубора бо Конор вориди майдон мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2018, варзишгарон дар Лас Вегас миёни ҳам зӯрозмоӣ доштанд. Дар ин набард Ҳабиб дар даври чорум конорро бо усули буғи кардан, шикаст дода буд.

Падар гуфту писар нахост: Ҳабиб дар бораи реванш бо Конор бар ивази 100 миллион

Пас аз шикаст, Конор такроран ба Нурмуҳаммадов таклифи рақобати ҷавобӣ ва ё реванш кард, аммо размикори доғистонӣ инро рад карда гуфт, ки варзишкори ирландӣ барои ӯ рақиби қавӣ нест.