ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Тибқи маълумоти Хадамоти наҷоти кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак рӯзи 27-уми майи соли равон, тахминан соати 16:00 як кӯдаки 12-солаи деҳаи Туғмазор - 4 ҳангоми оббозӣ дар кӯли "Комсомол" аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шудааст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ҳайати шахсии дастаи Норак ҳамроҳ бо ғаввосони НБО-и шаҳри Норак, ҳайати шахсии шуъбаи Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳри Норак ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ соати 17:20 дақиқа ҷасади марҳумро аз об бароварда, ба хешовандонаш супориданд.
Ногуфта намонад, ки ин аввалин ҳодисаи марги ноболиғ ҳангоми оббозӣ дар соли 2020 аст.
16 августи 2019, 19:50
КҲФ мегӯяд, беназорат гузоштани кӯдакон ҳамеша сабабгори ҳодисаҳои нохӯш мешавад.
Дарёфти ҷасад аз ҳавзи моҳипарварии Конибодом: сабаби ғарқшавӣ номаълум аст
Кумитаи аз волидону пайвандон даъват мекунад, ки ҳатман нозири ҷигарбандони худ бошанд.