Менеҷери Ҳабиб дар бораи хотимаи фаъолияти варзишиаш гуфт

Намояндаи қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, варзишкор пас аз хотимаи ҳар рақобат аз итмоми фаъолияти варзишӣ мегӯяд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз хотимаи ҳар рақобат аз итмоми фаъолияти варзишӣ мегӯяд, гуфт намояндаи варзишкор Алӣ Абдулазиз дар суҳбат бо TMZ.

Намояндаи варзишкори машҳури русиягӣ гуфт, пас аз ҳар рақобат Ҳабиб дар бораи хотимаи фаъолияти варзишӣ мегӯяд.

"Ҳабиб пас аз ҳар рақобат ба ман дар бораи хотимаи фаъолияти варзишиаш мегӯяд", - гуфт ӯ.

Вале пас аз гузашти як ду ҳафта боз ба ӯ занг мезанад ва пусрон мешавад, ки рақобати навбатӣ бо кӣ доир мешавад.

Дана Уайт шарти реванши Ҳабиб ва Конорро гуфт

Алӣ Абдулазиз намедонад чунин рафтори Ҳабиб ба чӣ вобаста аст, вале бовар дорад, ки варзишкор ба далели доштани "хислати қавӣ" аз майдон намеравад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран президенти UFC Дэйна Уайт шарти реванши миёни размикорони машҳур - Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Конор Макгрегорро гуфт.

Ӯ дар барномаи Tim & Sid қайд кард, ки рақобати миёни варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва размикори амрикоӣ Ҷастин Гэтҷӣ моҳи сентябр баргузор мешавад, Конор бошад тобистони ҳамин сол ба октагон хоҳад баромад.

Агар Конор Макгрегор дар рақобати тобистонӣ рақибашро мағлуб намояд, метавонад бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба октагон барояд, гуфт ӯ.
Ёдрас мешавем, ки рақобати нахустин миёни варзишкорон, моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Лас-Вегас баргузор шуда буд, ки бо пирӯзии мутлақи Ҳабиб анҷом ёфт.

Варзишкори доғистонӣ Макгрегорро дар даври чорум бо усули буғӣ кардан мағлуб намуда, қаҳрамони вазни сабуки UFC шуд.

Тони Фергюсон аз Ҷастин Гэтжи шикаст хӯрду аз рақобат бо Ҳабиб маҳрум шуд

Пас аз ин рақобат варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор борҳо талаби реванш карда буд.