Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Муборизаи Песков ва ҳамсараш бо коронавирус: аввал ягон нишона набуд

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков пас аз гирифтор шудан бо коронавирус то ҳол дар бемористон табобат мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, дар мубориза бо коронавируси навъи COVID - 19 қарор дорад.

"Ҳоло табобат мегирам", - гуфт Песков.

Сухангӯи президант ҳамчунин ҳамагонро барои изҳори ҳамдардӣ сипосгузорӣ кард.

Русия аз лиҳози теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон мақоми дуюмро касб кард

Дар бораи бемории Дмитрий Песков рӯзи 12 май маълум шуд. Ҳамсараш Татяна Навка низ ташхиси коронавирус гирифт. Хонавода дарҳол дар яке аз бемористонҳои Максав бистарӣ карда шуданд.

Ба гуфти Песков дар рӯзи аввали ташхиси коронавирус дар ӯ нишонае пайдо нашуд, вале баъди як рӯз ҳарорати баданаш баланд шуд. Пас аз ташхиси пурра, пизишкон ба сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, ташхиси илтиҳоби шуши дутарафа гузоштанд.

Путин гуфт, рӯзҳои истироҳат тамом шуд, вале мубориза бо COVID - 19 не

Пештар бемории коронавируси навъи COVID - 19 сарвазири Русия Михаил Мишустин, раҳбари Вазорати сохтмон Владимир Якушев, вазири фарҳанг Олга Любимова ва вазири маориф Валерий Филковро мариз карда буд.

 

Бино ба гузориши ситоди фаврии Русия, то 18 май дар кишвар беш аз 290,6 ҳазор кас гирифтори коронавирус шудааст. 2,7 ҳазор бемор аз ин беморӣ ҷон бохтаву, 70 ҳазор кас шифо ёфтаву аз беморхонаҳо мураххас шудаанд.

Путин: бояд ба ҳар гуна рушди сенарияи коронавирус омода шуд

 

Пештар, ноиби сарвазири Русия Татяна Голикова изҳор дошт, ки фавт дар Русия аз COVID -19 нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон 7,4 маротиба камтар аст.