Вазифаҳои Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар шартнома муқаррар карда шудааст.
Акнун Абдуллоҳ Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро роҳбарӣ мекунад.
Қаблан худи Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ дар сафҳаи твиттерии худ аз мувофиқа расидан бо Ашраф Ғанӣ хабар дода, аммо шарҳ надод, ки дар кадом масоил ба тавофуқ расидаанд.
Ҳамчунин ҳафтаи гузашта яке аз манобеи кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфт, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, мудири собиқи ҳукумати иҷроии давлати Афғонистон дигар тасмимоти мақомҳои Афғонистонро ба чолиш намекашад ва Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳурӣ аз сӯи вай ба расмият шинохта мешавад.
Ба гуфтаи ин манбаи огоҳ, Абдуллоҳ дар раванди сулҳ нақши раҳбарӣ хоҳад дошт ва нақши вай дар дохили давлат низ баъдан эълом мешавад.
Ҳам Ашраф Ғанӣ ва ҳам Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии мавриди муноқишаи сентябри гузашта худро раиси ҷумҳури Афғонистон медонистанд.