Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Пас аз анҷоми рисолат: бозгашти мутахассисони Русия аз Италия - навор

Беш аз 70 нафар афсарони низомии Русия, ки ба Италия дар мубориза алайҳи вируси COVID-19 кумак карданд, ба ватанашон баргаштанд
Sputnik

Беш аз 70 сарбоз ва 19 воҳиди техникаи махсуси низомии Русия аз Италия баргаштанд.

Русия аз Чин пеш гузашт: теъдоди дардмандони коронавирус ба беш аз 80 ҳазор нафар расид
Дар фурудгоҳи Чкаловский аллакай даҳум ва ёздаҳумин ҳавопаймои низомии Ил-76 бо мутахассисон ва таҷҳизоти "нерӯҳои махсуси тибби" - и Русия, ки дар мубориза алайҳи COVID-19 ба Ҷумҳурии Италия кӯмак кардаанд, фуруд омаданд.

Чӣ гуна Русия ба кишварҳои ИДМ дар мубориза бо коронавирус кӯмак мекунад

Ёдовар мешавем, ки вақте вазъият дар Италия дар робита ба хуруҷи бемории коронавирус ба авҷи аъло расид, духтурони низомии Русия барои кӯмак ба табибони итолиёвӣ сафарбар шуданд.

Ба ҳамин минвол, моҳи март Русия 15 ҳавопаймои Ил-76 бо кормандони тиббӣ ва таҷҳизоти заруриро ба Италия барои мубориза бо коронавирус  фиристод.

Акнун пас аз адои рисолати касбии худ мутаххасисони рус дубора ба ватани худ баргаштанд.