Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Раҳмон телефонӣ аз раисони шаҳру навоҳӣ вазъи паҳншавии вируси коронаро пурсон шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси вилояти Суғд, раисони шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Вахш, Файзобод, Нуробод, Рашт ва Лахшро доир ба рафти корҳои пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID — 19 шунид
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои зикршуда ба хотири мақсаднок ва суроғавӣ расондани кӯмакҳои расида, таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ба гирифторони ин беморӣ ва тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Кумаки Озода Раҳмон ба беморхонаи Данғара барои мубориза бо коронавирус

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон миннатдории худро ба ҳамаи табибону кормандони соҳаи тиб, ки бевосита дар мубориза бо ин беморӣ ва табобати беморон машғуланд, изҳори миннатдорӣ намуд.

“Ҳаёти ҳар як бемор аз сатҳи баланди касбӣ ва маҳорату таҷрибаи духтурон сахт вобастагӣ дорад”, иброз доштаст Раҳмон.

Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикргардида дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо COVID — 19   пешгирӣ ва табобати мубталоёни ин бемориро зери назорати қатъӣ гирифта, ҷиҳати рафъи камбудию норасоиҳои пешомада чораҳои саривақтӣ андешанд.