Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Шифои Саидмурод Давлатов аз коронавирус: руҳан азоб дидам, на ҷисман

Саидмурод Давлатов, соҳибкори тоҷик ва роҳбари созмони байналмиллалии рушди шахсият "САМО" баъди 15 рӯзи табобат аз "вируси корона" бо хушнудӣ аз бемористон рухсат шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Ин бизнес -трейнери тоҷик дар як паёми видеоӣ дар бораи чи гуна комёб шудани худ дар мубориза бо бемории коронавирусро баён кардааст.

Саидмурод Давлатов иброз намудааст, ки 15 рӯзро пушти муолиҷаи "вируси корона" дар бемористони клиникавии Суғд ё маърӯф ба Облболнитса сипарӣ намудааст. Ӯ гуфт, ки давмои ин муддат ӯ бештар рӯҳан азоб кашидааст, на ҷисман.

"Қариб даҳ рӯзи аввал тасфи ман ҳеҷ поён намерафт. Баъзан ҳароратам поён мешуду боз боло мебаромад. Доруву дармон ҳам кардем тағйирот ба вуҷуд намеомад. Ман сахт зиқ шудам аз он, ки мардум ҳама он ҷо зиқ буданд, хешу табор, аъзои оила меомаданд ҳама ғамгин. Ин ҳолро дида, хеле хаста шудам ва рӯҳан азоби сахт кашидам", - гуфтааст Давлатов.

Ин соҳибкори тоҷик гуфтааст, ки чизе, ки ӯро дар мубориза бо "вируси корона" ба пирӯзӣ расонд тағйири фикри худ будааст. Ӯ гуфт, баъди он, ки истифодаи маводи доруворӣ чандон таъсирбахш набуд, ҳар субҳ дар бемористон ба варзиш машғул шуда, панҷ вақт намози худро ба иҷро мерасонд. Иҷрои ин ҳама амалҳо дар беҳбудёбии саломатиаш асар намудааст.

СҶБ мегӯяд, Тоҷикистон бояд ба бадтарин сенарияи рушди коронавирус омодагӣ гирад

Давлатов дар паёми баъд аз шифоёбии худ тавсия кардааст, ки беморон қабл аз ҳама худро ба даст гиранд ва дар сар орзӯи шифоётанро кунанд.

"Ин беморӣ бештар руҳан азоб медиҳад, на ҷисман. Ман инро аз сар гузаронидам. Шумо фикрро барои умеду орзӯҳои неки зиндагиатон банд кунед. Умеду орзуҳои зиёд, шуморо ба ҳаёт дилгарм мекунанд ва аз ин ҷисми шумо нерӯ пайдо мекунад", - гуфтааст Давлатов.

Ин бизнес – трейнери тоҷик дар охир ба ҳисоби муҳоҷирону соҳибкорони тоҷик ба ҳамаи мардуми кишвар тансиҳатӣ орзу намуда, ба табибон изҳори ташаккур кардааст.

Супербоғи Саидмурод Давлатов: Раҳмон рафту ниҳол шинонд-аксҳо

Саидмурод Давлатов, бизнес - трейнер ва бунёдгузори созмони байналмиллалии рушди шахсият "САМО" зодаи ноҳияи Айнии Тоҷикистон аст, ки бо суханронӣ ва нашри чандин китобҳояш дар бораи дарёфти пул ва тиҷорат шинохта шудааст. Аз ҷумла китоби "Ман ва пул" ба қалами ӯ тааллуқ дошта, дар бораи фалсафаи дарёфти пул ҳикоят мекунад.

Давлатов ба Раҳмон аз тиҷорати ҳозираю ояндааш гуфт: аз помидор то себу хишту витамин-акс
Саидмурод Давлатов муассиси чандин тарҳҳои кишоварзӣ низ мебошад. ҶДММ "Витаминҳои Тоҷикистон", ки нахустин таҷрибаи парвариши гармхона ва боғдориро ба усули суперинтенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии "Дӯстобод-2" воқеъ дар ҷамоати Тағояки ноҳияи Спитамен ба роҳ мондааст, ба ин соҳибкор алоқаманд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар арафаи Ҷашни Наврӯзи имсол аснои сафари кории худ ба вилояти Суғд аз боғ ва гармхонаи Давлатов дидан карда, дар он ниҳол шинонд.