ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Фазлиддин Фозилови 37-сола, яке аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳ аст, ки дар муноқишаи марзии рӯзи 8-уми май аз тири яроқи шикории марзбонони қирғиз захм бардошт ва ӯро барои тадовӣ ба бемористони марказии Исфара интиқол доданд.
Аёмиддин Шарипов сокини 49-солаи Чоркӯҳ ҳам ҳадафи сангпартоии қирғизҳо қарор гирифт. Чанд ҷои сари ӯ аз зарби сангандозии қирғизҳо лат бардошт ва баъди интиқолёбӣ дар бемористон ҳоло саломатиаш хуб шудааст.
Ин ду нафар сокинони маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба ҳисоб мераванд, ки дар рӯзи 8 -уми май дар пайи муноқишаи марзӣ ҷароҳат мебардоранд.
Тавре қаблан, Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ихтилоф замоне сар мезанад, ки сокинони маҳаллаи Чеки ноҳияи Бодканд “худсарона ва дидаву дониста” ба марзи Тоҷикистон, заминҳои саҳроии маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, 60 сотих замини як қитъаи 4 гектараро, ки ҷуворимакка кишт шуда буд, ғасб кардаанд.
“Сокинони Қуммазор аз ин амали худсарона ва ғосибона изҳори норизоиятӣ карда, монеъи ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони Қирғизистон шуданд. Аммо сокинони маҳаллаи Чеки Бодканд ба тақозои онҳо, ки заминашонро тарк кунанд, беэътиноӣ карда, даст ба муноқиша заданд”, - гуфт Иқбол Тешаев.
Дар идомаи муноқиша, ба қавли ҳамсӯҳбати мо, тақрибан соати 17. 05 – и бегоҳи имрӯз, 8 май, аввалан миёни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадӣ ҷанҷоли лафзӣ сурат гирифт, ки баъдан ба сангпартоӣ табдил ёфт ва дар натиҷа Саймиддин Шаропов аз сар ҷароҳати сахт бардошта, ба шифохона интиқол ёфт.
“Аммо дар як фурсати кам зиёда аз 80 сокини ноҳияи Бодканд таҳти пуштибонии неруҳои марзбонии Қирғизистон ва 10 милитсионери қирғиз муноқишаро тақвият бахшида, бо истифода аз силоҳи шикорӣ ба сӯи сокинони Қуммазори Исфара тир кушоданд. Дар натиҷа Фазлиддин Фозилов ҷароҳати вазнин бардошта, ба беморхонаи шаҳри Исфара интиқол дода шуд”, - гуфт Иқбол Тешаев.
Ҷаласа дар Чоркӯҳ: эҳтимоли аксуламали ҷиддии мардум ба марзбонони қирғиз-видео
Сухангӯи шаҳри Исфара мегӯяд, дар давоми муноқиша марзбонони қирғиз низ ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон тир кушоданд ва дар посух ба онҳо марзбонони тоҷик низ вориди амал шуданд.
Баъди рухдоди ин ҳодиса дар марз масъулини мақомоти амниятӣ ва ҳатто раиси шаҳри Исфара ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда вазъро зери назорат қарор доданд. Раёсати сарҳадбонии КДАМ Тоҷикистон дар робита ба ин таниши марзӣ гузориш дод, ки 30 нафар низомиёни постгоҳи "Коктош" ва отряди сарҳадии "Ботканд" ба ҷои ором намудани вазъият, амалҳои иғвогаронаи сокинони қирғизро пуштибонӣ карда, аз автомату пулемётҳои Калашников ба сӯи мардуми Тоҷикистон тир парронданд.
Баъди ин муноқишаи марзӣ мақомоти ду кишвар ҷониби ҳам нотаи эътирозӣ ирсол кардаанд. Сартабиби бемористони марказии шаҳри Исфара дар суҳбат ба раиси вилояти Суғд, вазъи саломатии Фозиловро дар ҳоли ру ба беҳбуд арзёбӣ намудааст.
Об, роҳ, замин: мушкилоте, ки сокинони Чоркӯҳ аз Аҳмадзода тақозои ҳаллашро мекунанд
Ҳини боздид Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини бемористон Исфара дастур додааст, ки “барои муолиҷа ва барқароркунии саломатии Фозилов тамоми чораву тадбирҳои лозимиро сари вақт роҳандозӣ кунанд”, иттилоъ додааст, котиби матбуоти ҳукумати Суғд.